Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва мушовиронаш вазъи Афғонистонро баҳс мекунанд


Имрӯз Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо мушовирони аршади амниятӣ, низомӣ ва сиёсиаш мавзӯи стратегияи кишвар дар қиболи Афғонистон ва Покистонро баррасй мекунад. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки аз оғози ҷанг дар Афғонистон 8 сол сипарӣ шуд. Нерӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони ИМА 7 октябри соли 2001 амалиёти низомии “Пойдории озодӣ”- ро шуруъ карданд. Ин амалиёт дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ ба ду шаҳри бузурги Амрико дар моҳи сентябри соли 2001 оғоз шуда буд.
Тибқи хабарҳо, дар нишаст Обама ва мушовиронаш асосан сари ду мавзӯь - зарурати фиристодани нерӯхои иловагӣ ба Афғонистон ва афзоиши ҳамлаҳои ҷангиёни исломгаро дар Покистон тамаркуз хоҳанд кард. Интизор меравад, ки баъд аз ин машварат Барак Обама дар робита ба интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон тасмим бигирад.
XS
SM
MD
LG