Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотираи Политковскаяро ҷонибдоронаш пос доштанд


Садҳо нафар дар яке аз хиёбонҳои Маскав дар раҳпаймоӣ барои гиромидошти хотираи рӯзноманигор Ана Политковская дар рӯзи солгарди куштори вай ширкат карданд. Хонум Политковская 7-ӯми октябри соли 2007 дар назди даромадгоҳи хонааш ҳадафи тир қарор гирифт. Ширкаткунандагони тазоҳурот аз мақомоти Русия тақозо карданд, ки қотилони ин рӯзноманигор пайдо ва ба муҷозот кашонда шаванд. Хонум Политковская се сол пеш дар ҳамин рӯз дар назди хонааш кушта шуд. Дар раҳпаймоӣ хешовандон, дӯстон, фаъолони ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорони саршинос ширкат доштанд. Политковская аз мунақиддони сиёсати Кохи Кремл дониста мешуд. Вай дар бораи нақзи ҳуқуқи башар ва ришвахорӣ дар Чеченистон бештар менавишт.
XS
SM
MD
LG