Пайвандҳои дастрасӣ

Низоми таълими 12-сола дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, ки гуфтугузорҳо атрофи он як соли пеш шурӯъ шуда буд, аз соли 2014 пиёда мешавад.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ахиран гуфт, бо қасди гузаштан ба ин низоми таълимй ва ҳатмй кардани таҳсил дар мактабҳо гурӯҳи вижаи корй таъсис ёфтааст, ки ба омӯзиши вазъи феълии макотиби таҳсилоти умумй ва ин низоми ҷадид машғул хоҳад шуд.

Оқои Раҳмонов афзуд, барои гузариш ба низоми нави тадриси ҷаҳонӣ онҳо дурнамои афзоиши аҳолиро низ ба инобат хоҳанд гирифт: «Пеш аз ҳама гурӯҳи корй бояд теъдоди мактабҳо, теъдоди хонандаҳо, дараҷаи гузаштан ба кас ва дигар масъалаҳое, ки марбут ба ин низоми нав аст онро таҳқиқ ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд. Боя муайян намоянд, ки чй қадар маблағ ва чй қадар синфхона лозим аст».

Ба ақидаи масъулин, ин навъи низоми тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад ...
Тасмими боз як соли дигар тамдид кардани таҳсил аз сӯи Вазорати моариф ба хотири мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонй ба роҳ мондани сатҳи таълим гирифта шудааст. Аммо аз ҳама муҳим, ба ақидаи масъулин, ин навъи низоми тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад.

Ба иттилои вазорати маориф танҳо дар соли 2008 бештар аз 50 ҳазор толибимони макотиби миёнаи Тоҷикистон бо хатми синфи 9-ум мактабро тарк гуфтаанд. Масъулин аз он изҳорӣ нигаронӣ мекунанд, ки ҳамакнун на танҳо духтарон, балки писарон ҳам бо ба даст овардани шаҳодатномаи маълумоти асосӣ, таҳсилро дар синфи 10-11 зарур намедонанд.

Аммо аз сӯи дигар ба қавли Исмоил Орифшоев, вакил ва узви кумитаи илму маориф ва фарҳанги Маҷлиси Намояндагон, бартарии аслии низоми 12-сола дар он аст, ки тибқи он хонанда имкон пайдо мекунад, барномаи соли аввали донишгоҳро дар мактаби миёна омӯхтаву барои таҳсил дар мактаби олӣ хуб омода бошад.

Оқои Орифшоев афзуд, «хонандагон бояд, аққалан дар синҳои 10, 11 ва 12 имконияти омода шудан барои дохилшавй ба мактабҳои олиро дошта бошанд, махсусан ба мактабҳоли олии хориҷи кишвар, ки онҳо дараҷаи баланди донишро талаб мекунанд. Барои ин албатта, чй қадар, ки вақт барои омодагй бештар бошад ҳамон қадар хубтар аст».

Исмоил Орифшоев, ки таҷрибаи 30-солаи омӯзгорй дорад, низоми 12-солаи таълимӣ беҳтарин низом аст, аммо ба гуфтаи ӯ, гузариш ба ин навъи таълим ниҳоят душвор аст ва маблағи зиёдеро тағозо мекунад. Вале ӯ мегӯяд, ба бештар шудани имконоти молии соҳаи маориф дар ҳоли ҳозир чандон бовар надорад, чун феълан 22 дарсади хароҷоти буҷаи давлат ба соҳаи маориф равона мешавад, ки бештар аз дигар соҳот будааст.

Раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ бар ин назар аст, ки илова кардани боз як сол ба таҳсил наметавонад барои ҷалби кӯдакон ба мактаб мусоидат кунад. Вай мегӯяд, муҳим на мӯҳлат ва сол, балки сифати таҳсил аст ...
Бинобарин ба қавли Исмоил Орифшоев бо ҷалби омӯзгорони ҳирфай ва беҳтар кардани шароити молй дар низоми таълимии феълй мондан беҳтар аст.

Вале ин ҳама гуфтугузору пешниҳодот дар мавриди ҳатмӣ кардани таҳсил то синфи 10-ум ва баъдан ҷорӣ кардани таҳсили 12-сола дар ҳолест, ки дар сӯҳбат бо мо аксар хонандагон аз он ҷонибдорй намекарданд. Худойназар, хонандаи синфи 9-и мактаби 24-и пойтахт мегӯяд, дар низоми феълй боз як соли дигар тамдид кардани таҳсилро дар мактаби миёна онҳо сарфаи беҳудаи як соли худ меҳисобад.

Аксар омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон дар шароити феълй бозгашт ба таҳсили 10-солаи таҷрибаи замони шӯравиро беҳтару муассиртар мехонанд.

Тибқи иттилои Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ, 25 дарсади духтарон ва умуман аксари хонандагони тоҷик аз синфи 7 ва 8 таҳсилро тарк мекунанд. Ҳонгвей Гао, раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ бар ин назар аст, ки илова кардани боз як сол ба таҳсил наметавонад барои ҷалби кӯдакон ба мактаб мусоидат кунад. Хонум Ҳангвей Гао мегӯяд, муҳим на мӯҳлат ва сол, балки сифати таҳсил аст.

Ба ақидаи раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ, баръакс шуруи таҳсил барвақттар аз синни 7 метавонад дар ин самт муассиртар бошад, зеро хонанда дар синнй 5 ва 6 ҳофизаву қобилияти беҳтари омӯхтану аз худ карданро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG