Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрухсори Раҳим, як бонуи фаъоли тоҷик, ки феълан бист сол дорад, мегӯяд, ки вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мекашад.

Хонум Гулрухсор гуфт, «вақте дар корхона болои ман фишор буд, фикр мекардам, доим асабӣ мешудам, шабҳо хобам намебурд. Назди табиб рафта, аз дил шикоят кардам. Табибон гуфтанд, ки эҳтиёт кунед, ки ба бемории дил гирифтор шуда истодаед».

Гулрухсор хавф дорад, ки рӯзе бо сактаи дил мувоҷеҳ хоҳад шуд. Мисли ӯ дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде дар зери фишори иҷтимоиву равонӣ бо таҳдиди бемориҳои мухталиф рӯбарӯ ҳастанд.

Дар гузориши ахири СММ, ки дар он вазъи иҷтимоии ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифтааст, иттилоъ дода шудааст, ки ҳудуди 12,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон эҳтимолан то синни 40-солагӣ умр нахоҳанд дид ...
Дар гузориши ахири Созмони Милали Мутаҳҳид, ки дар он вазъи иҷтимоии ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифтааст, иттилоъ дода шудааст, ки ҳудуди 12,5 дарсади аҳолии Тоҷикистон эҳтимолан то сини 40-солагӣ умр нахоҳанд дид. Дар ҳамин гузориш омадааст, ки солҳои охир тӯли умри инсон дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Барот Тураев, намояндаи Кумитаи омори Тоҷикистон, ба гузориши Созмони Миллали Муттаҳидро инкор карда гуфт, ки дар асоси маълумоти расмӣ дарозумрии инсон дар Тоҷикистон нисбат ба даҳ соли пеш тағйир ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар муқоиса ба соли 1995, ки давомнокии умри инсон дар кишвар 66,1 сол будааст, солҳои охир давомнокии умр то 70 сол тамдид ёфтааст. Соли 2008 давомнокии умр то 71 солро ташкил дода буд.

Зафар Ҳусейнов, муовини директори маркази саратоншиносии беморхонаи Қарияи боло, ҳолати коҳиш ёфтани дарозумриро дар Тоҷикистонро бо хуруҷи бемориҳои гуногун марбут медонад. Ӯ меафзояд, ки ҳанӯз соле пеш мутахассисони соҳа аз хуруҷи бемориҳои саратон ва сактаи дил миёни насли ҷавон изҳорӣ нигарони карда, андешидани тадбирҳои зарурӣ пешниҳод карда буданд.

Зафар Ҳусейнов мегӯяд, «ҳоло бемории дил миёни ҷавонони тоҷик бештар шуда истодааст. Солҳои пеш ин беморӣ дар байни ашхоси то сини 40-сола дида намешуд. Агар як нафар ҳам мешуд, ин як гӯё «навигарӣ» буд. Ҳоло бошад хеле зиёд аст».

Ҳоло бемории дил миёни ҷавонони тоҷик бештар шуда истодааст. Солҳои пеш ин беморӣ дар байни ашхоси то 40-сола дида намешуд. Агар як нафар ҳам мешуд, ин гӯиё "навигарӣ" буд. Ҳоло бошад хеле зиёд аст ...
Зафар Ҳусейнов афзуд, ки аксарияти ҷавонҳо ва муҳоҷироне, ки ба бемориҳои саратон ва сактаи дил гирифтор мешаванд, баъди ташхис маълум мешавад, ки онҳо дар мусофират дар муҳити ғайри беҳдоштӣ зиндагӣ карда, мунтазам дар ҳолати тарс ва ба истилоҳ "стресс" қарор доштанд ва ин ҳолатҳо ба саломатии онҳо таъсири бад расонидааст. Мояи дигари нигаронӣ ин будааст, ки бемориҳо бо роҳи ирсӣ аз падару модар ба кӯдакон мегузаранд.

Равоншиносон ҳолатҳои коҳиш ёфтани дарозумриро дар кишвар дар афзоиш ёфтани ҳолати фақр, фишори зиёди рӯҳӣ, таъсири ҷангӣ шаҳрвандӣ, норасоии маводи ғизоӣ, бекории мардум ва ғайра маънидод мекунанд.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, ки чунин хатарро наметавон танҳо бо роҳи машғул кардани аҳоли ба барномаҳои варзишӣ ва истеъмоли маводи доруворӣ бартараф кард. Балки бояд ҷомеаро зеҳнан аз чунин хатар раҳо кард.

Равоншинос меафзояд, танҳо истеъмолӣ маводи доруворӣ ва ё роҳандозии барномаҳи варзишӣ, ки барои саломатии инсон таъсири мусбат доранд, роҳи ҳал нест, бояд худи мардум барои нигоҳдошти вазъи саломатии хеш зеҳнан солим бошанд ва давлат ҳам ҳаёти ҳадди аққал шоистаро барои мардум фароҳам оварад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG