Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди намояндаи матбуотии САҲА аз Маскав оғоз шуд


Миклош Ҳарастӣ-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот имрӯз боздиди серӯзаи худро аз Маскав оғоз кард. Интизор меравад, ки вай дар мулоқот бо мақомоти расмии Русия масъалаи хушунат бар зидди рӯзноманигорон, дифоъ аз озодии интернет ва барқарории гуногунандешӣ дар барномаҳои радиоӣ ва телевизиониро баррасӣ кунад. Ҳарастӣ ҳамчунин бо кормандони матбот ва мудофеъони ҳуқуқи башар мулоқот мекунад. Қарор аст 8-ӯми октябр Ҳарастӣ дар як конфронси матбуоти байналмиллалӣ дар бораи озодии матбуоти давлатӣ дар Аврупо суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG