Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз , 7-уми октябр ҳудуди 30 нафар сокинони деҳоти ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон, ки бештарашон ба тиҷорат дар бозори Хоруғ машғул ҳастанд, дар назди бинои мақомоти шаҳрдорӣ эътироз карданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, кӯч додани истгоҳи автомашинаҳои мусофирбари ҷамоати деҳот ва ноҳияи Ишкошим аз наздикии бозор ба канораи шаҳр, ки бо амри мақомот сурат гирифтааст, барои тоҷирон ва мусофирони ин самт мушкилот пеш овардааст.

Чамангул Ақдодова, яке аз эътирозгарон, мегӯяд, бинобар адами ҷойҳои корӣ дар минтақа бештари мардуми деҳоташон дар бозор ризқу рӯзӣ пайдо мекунанд, аммо ба канораи шаҳр рондани онҳо боис мегардад, ки ҳатто аз фоидаи ночизе, ки аз ҳисоби фурӯши меваву сабзавот ба даст меоранд, маҳрум шаванд.

Ба гуфтаи як тоҷири дигар, ҳар рӯз вай молашро аз истгоҳ ба бозор бо ду сомонӣ интиқол медод, аммо алҳол аз вай барои интиқоли бор аз истгоҳ то бозор 30 сомонӣ талаб мекунанд.

Сокинон ҳамчунин аз он изҳори норизоият мекунанд, ки дар истгоҳи нав шароитҳои оддитарин барои мусофирон фароҳам нашудаанд. Сокини ноҳия Ишкошим Тайғуншо Мамадалишоев гуфт, «дар ин ҷо об нест, ошхона ва ҳоҷатхона нест». Вай афзуд, ки ҳамчунин тамошобинро манзараи пои пиёда овора шудани пирону беморон ва мусофирон аз шифохона ва бозор бо бағоч ба сӯи истгоҳи нав нороҳат мекунад.

Аммо намояндагони мақомот мегӯянд, ки истгоҳи кӯҳна бинобар ҷавобгӯ набудан ба талабот ва ба хотири таъмини бехатарии хонандагони макотиб ва боғчаи бачагонии ба он ҳамшафат кӯчонда шуда, барои таъмини интиқоли мусофирон ба маркази шаҳр хатсайри нав кушоданд.

Вале бархе аз эътирозгарон чунин мешуморанд, ки кӯч додани истгоҳ аз назди бозор ба канораи шаҳр дар заминаи ғарази шахсии мақомоти шаҳрдорӣ бо соҳиби истгоҳ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи соҳиби истгоҳ Алиназар Сарадов, агарчи вай истгоҳи дигари мувофиқтар ба мусофирон пешниҳод кардааст ва онҳо ҷиҳати наздиктар будан ба бозор онро пазируфтаанд, аммо шаҳрдори бидуни маслиҳат бо вай оҷилан дар як боғи канораи шаҳр дарахтонро аз беху бун барканда, он ҷойро истгоҳи нав эълом доштааст.

Ба гуфтаи намояндагони мақомот , аммо ба ин тартиб онҳо мекӯшанд, батадриҷ дар маркази шаҳр ҳаракати васоити нақлиётиро танзим кунанд.
XS
SM
MD
LG