Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз ширкат дар нишасти ИДМ худдорӣ кард


Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамойиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ширкат намекунад.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин рӯз раисҷумҳур ба Туркманистон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ хоҳад рафт.

Вай афзуд, «раисҷумҳури Тоҷикистон аввалин бор дар ҳамойиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ширкат намекунад. Дар ин рӯз раисҷумҳури Тоҷикистон сафари корӣ ба Туркманистон доранд ва дар ин сафар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи ду кишвар, аз ҷумла энергетика ва масоили минтақавӣ, ки хеле муҳиманд, баррасӣ мешаванд».

Оқои Шарифзода афзуд, Тоҷикистонро дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ нахуствазири кишвар Оқил Оқилов намояндагӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бар нишасти ИДМ, созмони таҳти нуфузи Русия арҷ гузоштани сафари корӣ ба Туркманистон аз аҳамияти онҳо бармеояд.

ҶАЛАСАҲОИ МАРОСИМИИ ИДМ

Аркадий Дубнов, таҳлилигари нашрияи «Время новостей»-и Русия мегӯяд, ҷаласаҳои ИДМ маросимӣ шудаанд ва як нукта эҳсос мешавад, ки дар онҳо Русия худро ҳамчун миёнарави ҳалли мушкилоти аъзои созмон ҷилва медиҳад. Оқои Дубнов афзуд, интихоби раисҷумҳури Тоҷикистон низ беҳуда нест. Вай гуфт, хароҷоти сафари ӯ аз Душанбе то Кишинев ба сиёсатҳояш дар мавриди сарфаи энержӣ дуруст намеояд, зеро вақте оқои Раҳмон «чароғҳои иличӣ»-и сермасрафро бо чароғҳои каммасраф иваз мекунад, харҷи тайёраи ӯ ба Кишинев ҳазорҳо чароғ хоҳад шуд.

Оқои Дубнов мегӯяд, «барои Тоҷикистон таъмини амнияти энержӣ муҳимтар аст ва ин қабл аз ҳама, дар заминаи ҳамкориҳо бо ҳамсояҳои наздикаш Ӯзбакистону Туркманистон амалӣ мешавад. Мутаассифона, Туркманистон мехоҳад барқу газ диҳад, аммо Ӯзбакистон барои интиқоли онҳо тариқи қаламраваш мушкил эҷод мекунад. Ишқобод метавонад миёнарав бошад ва ба ҳамин минвол, Тоҷикистонро ба доираи манфиатҳои худаш, ҳамчун сарпарасти энержӣ дохил кунад».

Туркманистон соли гузашта ризоият дод, ки ба Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиарду 200 ҳазор киловатт/соат барқ диҳад. Аммо Тоҷикистон нисфи ин миқдор барқро ба далели мушкилоти хати барқи Ӯзбакистон гирифта тавонист.

ХУДДОРӢ АЗ ДИДОР БО МЕДВЕДЕВ?

Коршиносон мегӯянд, далели дигари ба Кишинёв нарафтани раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба рӯ нашудан бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев аст. Тоҷикистон аз Русия барои пойгоҳи низомии 201 дар Душанбе беш аз 300 миллион доллар тақозо дорад. Ҳамчунин Душанбе мехоҳад ин нерӯҳоро худ низ истифода кунад.

Аркадий Дубнов дар ин робита гуфт, «баъд аз мулоқот бо Сергей Степашин, раиси Утоқи бозрасии Русия, ки чанде қабл ба вуқӯъ пайваст, ба ҳамчунин як дидор зарурат намондааст. Паёми ниҳоиашро Раҳмон тариқи ӯ ба Кремл фиристодааст. Акнун барои ӯ вақт лозим аст, ки дар Маскав рӯйи ин паём ба фикре расанд. Аз ин хотир, як мулоқоти зиёдатӣ сарфи назар кардан хубтар аст».

ШАРИКИ НАВИ ДУШАНБЕ ДАР БАҲСИ ОБ

Иддае аз коршиносон роҳ ба сӯи Ишқобод гирифтани раисҷумҳури Тоҷикистонро намоиши эҳтиром ба мавқеи ин кишвар дар баробари масъалаи оби минтақа арзёбӣ мекунанд. Қаблан Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ҳамтои туркмани ӯ аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба шумули Ӯзбакистон, Қазоқистон ва ҳатто Қирғизистон даъват кард, ки дар ҳалли масоили энержии Тоҷикистон саҳм гиранд ва барои истифодаи об пул пардохт кунанд.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик мегӯяд, ин сабаби аслии интихоби оқои Раҳмон буда наметавонад, аммо барои Тоҷикистон изҳороти раҳбари Туркманистон муваффақияти бузурге буд. Вай гуфт, «қаблан ягон кишвари дунё тавре, ки Туркманистон кард, аз мавқеи Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибдорӣ накарда буд. Дар муқоиса бо мавқеи кишварҳое, ки дар Кишинев ҷамъ мешаванд, масалан, Русия - шарики стратегии Тоҷикистон мавқеи Туркманистон воқеан фарқи калон дорад».

Коршиносон сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистонро гардише дар сиёсатҳои минтақа арзёбӣ мекунанд, ки эҳтимол дорад як муттаҳиди Тоҷикистон дар баҳсҳо рӯи об ва сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обиро ба вуҷуд орад. Онҳо мегӯянд, Ишқобод барои шунидани Душанбе моил шудааст ва акнун аз оқои Раҳмон вобаста аст, ки чӣ тавр ҳамтои туркманашро ба ҳақиқати тарҳҳои энержии Тоҷикистон бовар мекунонад.
XS
SM
MD
LG