Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмонҳои ҷавонон дар сиёсати Кремлин


Созмони ҷавонони "Наши" яке аз фаъолтарин созмонҳои ташкилкардаи ҳукумати Русия маҳсуб мешавад
Созмони ҷавонони "Наши" яке аз фаъолтарин созмонҳои ташкилкардаи ҳукумати Русия маҳсуб мешавад

Нишонаҳои ин ки мақомоти Кремлин аз ташкили созмонҳои ҷавонон дилсард мешаванд ва намедонанд дар оянда бо онҳо чӣ кунанд, бараъло намудор мешавад.

Баъзе рӯшанфикрони рус бар ин назар ҳастанд, ки фаъолиятҳои худсаронаи ин созмонҳо, сиёсати тундравонаи фишору таъқиби мухолифонро мавриди танқид қарор медиҳанд. Намунаи бараълои чунин як худсарӣ фишору таъқиби созмонёфтаи журналисти рус Александр Подрабинек аз ҷониби фаъолони созмони “Наши” мебошад. Ҳамакнун аз амалҳои ин созмон на фақат фаъолони ҳуқуқи башар, балки масъулини баландпояи давлат ва маъмурияти раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев изҳори нигаронӣ мекунанд.

СОЗМОНҲОИ ҶАВОНОН – ФИШАНГИ ҲУКУМАТ

Моҷарои атрофи журналист аз он ҷо шурӯъ шуд, ки Подрабинек дар сайти интернетии худ матлаберо зери унвони “Ҳамчун як зиддишӯравӣ ба зиддишӯравӣ муроҷиат мекунам” чоп карда, аз тасмими мақомоти Маскав дар амри бастани як макони қадимаи шашликпазӣ интиқод кардааст. Ин шашликхона дар рӯбарӯи меҳмонхонаи “Советская”, яъне “Шӯравӣ” ҷойгир буда замоне маҳалли мулоқоту дидорбиниҳои рӯшанфикрони маъруфу дигарандеши рус, мисли Анна Ахматова, Иосиф Бродский, Белла Ахмадулина ва дигарон будааст.

Кори созмони "Наши" таъқибҳои дигарандешон дар замони шӯравиро ба ёд меорад, балки ба ҷавонҳои имрӯза ҳамчун намунаи бади ҷаҳолати қонунӣ хизмат мекунад ...
Дар он замон мегӯянд, ки худи ҳамин меҳмонони тарабхона исми онро байни худ шӯхиомез “Антисоветская”, яъне “Зиддишӯравӣ” унвон мекарданд ва солҳои охир маъмурияти шашликхона тасмим мегирад, ки номи ин ҷоро бо ёдоварӣ аз он солҳо ҳамин тавр “Антисоветская” гузорад. Ин чиз боиси ранҷиши хотири собиқадорони ҷанг мешавад ва онҳо бо арзу шикоятҳои зиёд ба маъмурияти шаҳр талаби бардошта шудани ин номро мекунанд.

Вақте хабарнигор Подрабинек бо нишони ҳимоят аз ин исм матлабе нашр мекунад, бо таъқибу фишор ва эътирозҳои шадид рӯбарӯ мешавад. Аъзои созмони ҷавонони “Наши”, ки бо ибтикори Кремлин ташкил шуда солҳои охир хеле фаъолу бемаҳдудият ба ҳама умури ҷамъиятӣ дахолат мекунад, инак чанд рӯз аст дар атрофи манзили журналист ҳамроҳи даҳҳо собиқадорони ҷанг намоишҳои эътирозӣ ташкил карда шиорҳои таҳқиромез ва таҳдидро ба забон меоранд. Ин ҳолат боиси он шуд, ки журналисти таъқибшуда ҳамроҳи хонаводааш дар ҷои дигар пинҳон шавад.

Амали созмони ҷавонони ҳукуматгарои “Наши” боиси интиқодҳои шадид дар ҷомеаи Русия гардид ва ба ҷое расид, ки дар як изҳороти худ Элла Памфилова, раиси шӯрои назди президенти Русия бо изҳори нигаронӣ аз ин фаъолиятҳо гуфт, “кори созмони “Наши” на фақат таъқибҳои шармандавори дигарандешонро дар замони шӯравӣ ба ёд меорад, балки ба ҷавонҳои имрӯза ҳамчун намунаи бади ҷаҳолати қонунӣ хизмат мекунад”. Дар изҳороти шӯрои президенти Русия гуфта мешавад, ки “таъқибҳои созмондодашудаи зидди журанлист аз чаҳорчӯби қонун берун рафта нишонаҳои хеле рӯшани тундгароиро дорад”.

СОЗМОНҲОИ ЗЕРИ ЧАТРИ КРЕМЛИН

Александр Гнездинов, як узви 22-солаи ҳизби сиёсии “Яблоко”, ки ин моҷароро аз наздик мушоҳида мекунад, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, мисоли охир намунаи хеле барҷастаи он аст, ки кори ин созмонҳо аз ҳама меъёрҳо берун меравад.

Ин созмон аз қабили онҳоест, ки одилона онҳо аз аввал "Путин-югент", яъне мисли "Гитлер-югент" - "Бачаҳои Гитлер" унвон мешуданд ...
Вай гуфт, “ин созмон аз қабили онҳоест, ки хеле одилона онҳо аз аввал “Путин-югент”, яъне мисли “Гитлер-югент” - “бачаҳои Гитлер” унвон мешуданд. Шакли кори онҳо ба маротиб бадтар аз комсомол аст, чунки комсомол ҳеҷ гоҳ дар назди хонаи касе рафта зери тирезаи вай намоишҳои эътирозӣ ташкил намекарду ӯро таъқиб намекард”.

Феълан дар қаламрави Русия садҳо созмони ҷавонон амал мекунад, ки ҳалли ин ё он мушкили ҷомеаро ҳадафи худ қарор додаанд, вале аз миёни онҳо панҷ созмони серҷамъияттарине ном бурда мешаванд, ки бо афкори тундравона, миллатпарасту нажодпараст, афкори бартарии қавми русу славян аз болои дигар миллатҳо маъруф буда аз хушунат ҳам парҳез намекунанд.

Инҳо созмонҳо “Наши”, “Молодая гвардия” - бахши ҷавони ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, “Россия молодая”, “Местние” ва ҷунбиши “Новие люди” мебошанд. Аксари ин созмонҳо зери шиорҳои маърифативу зистмуҳитӣ асосан зидди муҳоҷирон ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ мубориза мебаранд. Александр мегӯяд, ташкили ин созмон тасодуфӣ нест ва онҳо хеле ҳадафмандона таълимоти тундарвонаву пурхушунат гирифтаанд.

Вай афзуд, “ба хотири ин ки дар сурати зарурӣ бо кӯмаки ҳамин ҷавонҳо худро аз мухолифон ҳимоят кунанад. Яъне аз ҳисоби онҳо гурӯҳҳои ниманизомӣ ташкил мешаванд ва ин ҷавонон наметарсанд аз чаҳорчӯби қонун берун рафта бо шеваи шадид амал кунанд”.

НЕРӮИ ХАТАРЗО БАРОИ ҶОМЕАИ РУСИЯ

Александр Гнездинов, узви ҳизби “Яблоко”, мегӯяд, рӯзҳои наздик дар як ҷаласаи пӯшидаи аъзои ҳукумат иштирок кардааст, ки сиёсати ҷавонон ва ояндаи созмонҳои ҷавонони зери чатри Кремлин таъсисшударо баррасӣ кардааст.

Квотаи 20 дарсади ҷойҳо дар ҳукумат аз рӯи рӯйхати "Русияи воҳид", ки барояшон ваъда шуда буд, иҷро намешавад. Ва ҳоло хатари вазъияте ба амал омадааст, ки саги гурусна метавонад ба соҳиби худ ҳамла кунад ...
Вай мегӯяд, “дар ин нишаст дар бораи зарурати навсозии шакли кори ин созмонҳо сухан рафт, чунки вазифаҳое, ки онҳо то ҳол доштанд, иҷро карданд. Онҳо ҳама захираҳои худро сарф карданд. Ҳоло ҳама мефаҳманд, ки ҳеҷ инқилоби рангае, ки ин созмонҳо бо ҳадафи муқовимат ба он ташкил шуда буданд, намешавад. Ва ҳоло ҳукумат дар як ҳолати сардаргумӣ қарор дорад, ки бо ин нерӯи даҳҳо ҳазор нафараи ҷавонон чӣ кор кунад: ба онҳо ваъда дода буданд, ки ҷилави қудратро ба онҳо медиҳанд, ҳоло ҳама мефаҳмад, ки ҳеҷ кас қудратро аз даст доданӣ нест. Квотаи 20 дарсади ҷойҳо дар ҳукумат аз рӯи рӯйхати “Русияи воҳид”, ки барояшон ваъда шуда буд, иҷро намешавад. Ва ҳоло хатари амалии вазъияте ба амал омадааст, ки саги гурусна метавонад ба соҳиби худ ҳамла кунад”.

Аз назари таҳлилгарон, ҳатто агар ҳам дарсади муайяни ҷавонони боистеъдоди ин созмонҳо воқеан ҳам тавонанд ба сохторҳои давлатӣ роҳ ёбанд, боқӣ даҳҳо ҳазор нафари онҳо беҳадафу бебарнома, вале хашину пурэнерживу агрессив нерӯи харобкору хатарзоро ташкил медиҳанд, ки шояд дар оянда боиси дардисарҳои ҷиддӣ барои ҷомеаи Русия шаванд.

Сарҷамъории боз ҳамин ҷавонон бо баҳонаҳои урдугоҳҳои ҷавонҳои боистеъдод ва ҳунарманду донишманд ҳам як ниқоби дигар барои таҳти контрол нигоҳ доштани онҳо мебошад, мегӯянд мунаққидон. Александр Гнездинов мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб ҳоло Кремлин тадриҷан ин созмонҳоро бо роҳҳои барои худ безарар пароканда мекунад, чунки дигар ҳеҷ эҳтиёҷ ба мавҷудияти онҳо намондааст.
XS
SM
MD
LG