Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё эълон шуд


Гурӯҳи сегонаи донишмандон аз Амрикову Исроил ба дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши кимиё ноил омаданд. Гушоиши илмии онҳо ин будааст, ки чӣ тарз ҳуҷайраҳо сафеда ё протеин тавлид мекунанд. Дар ин гурӯҳи сегона Ада Ёнат чаҳорумин занест, ки сазовори дарёфти ин ҷоиза шудааст. Барандагони ҷоиза дар ин бахшро дар Стокҳолм Гуннер Оквист-Дабири Кулли Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия эълон кард:
"Фарҳангистони салтанатии улуми Шветсия тасмим гирифт, ки ҷоизаи Нобел 2009 дар бахши кимиё муштаракан ба профессор Венкатраман Рамакришнан, профессор Томас Стейж ва профессор Ада Ёнат эъто шавад. Дар тасмими Фарҳангистон чунин омадааст: барои омӯзиши сохтор ва фаъолияти ҳуҷайраҳое, ки сафеда ё протеин тавлид мекунанд".

Рибосомҳҳо ба ҳуҷуйраҳо шабоҳат доранд ва барои ҳаёт хеле муҳиманд, зеро онҳо сафедаҳоеро тавлид мекунанд, ки ҳолати кимиёвии баданро контрол мекунанд.
XS
SM
MD
LG