Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Амрико ба таҳримҳои ҷиддии зидди Эрон


Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, Вошингтон ва муттаҳидонаш омодаанд бар зидди Эрон таҳримҳои ҷиддитар ҷорӣ кунанд, агар Теҳрон дархостҳо дар бораи қатъи иҷоди аслиҳаи ҳастаиро нодида бигирад. Стуарт Левӣ-муовини вазири молияи Амрико, ки масъули масоили терроризм ва бозрасии молии вазорат аст, дар яке аз кумитаҳои Сенат гуфт, Амрико бо кишварҳои дигар ҳамкорӣ мекунад, то барои ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷиддии "ҳамаҷониба" ҳимояти маҳофили байналмиллалиро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG