Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шветсария дар ҳали масъалаи об миёнравӣ мекунад


Шветсария изҳори омодагӣ кардааст, ки барои ҳали масъалаи баҳсбарангези об дар Осиёи Миёна кӯмак мекунад. Дар ин бора Мишелин Калми Рей-вазири умури хориҷаи Шветсария дар Душанбе иттилоъ дод. Хонум Мишелин гуфт, кишвараш омода аст масъулияти баррасии масъалаи истифодаи оби Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи
СММ-ро бар дӯш бигирад. Ин дар ҳолест, ки Тошканд борҳо бар зидди бунёди ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон изҳори назар кардааст ва гуфтааст, чунин кор метавонад амнияти минтақаро ба хатар мувоҷеҳ кунад.
XS
SM
MD
LG