Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба мулоқоти раҳбарон ба Молдавия намеравад


Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қазоқистон ва Туркманистон дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои мустақили ҳамсуд ширкат нахоҳанд кард. Ин мулоқот 9-ӯми октябр дар шаҳри Кишинёви Молдавия баргузор мешавад. Тоҷикистону Қазоқистон ба ин мулоқот нахуствазирони худ ва Туркманистон муовини нахуствазири худро мефиристанд. Интизор меравад, ки ширкаткунандагон 20 санади марбут ба раҳоӣ аз бӯҳрони молии сартосарӣ, масоили амниятӣ ва ҳамгароии кишварҳои узвро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG