Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ эълон карданд, ки имсол 1 миллиону 97 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ кардаанд.

Чунин ҳосил барои аввалин бор пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон будааст. Соли ҷорӣ дар майдони беш аз 462 ҳазор ҳектор зироатҳои ғалладона кишт карда шудааст, ки аз он 332 заҳор ҳектораш заминҳои обӣ ва 230 ҳазораш заминҳои лалмӣ мебошад.

Саидмурод Баҳриддинов, раиси бахши зироаткории Вазорати кишоварзӣ, дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки Тоҷикистон дар сол ба 1 миллиону 250 ҳазор тонна ғалла ниёз дорад ва имсол беш аз 700 ҳазор тонна гандум дар кишвар ҷамъоварӣ шудааст ва ин боиси поин омадани қиммати гандум дар бозорҳо гаштааст.

Ба гуфтаи коршиносони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, илова бар 700 ҳазор тонна гандум ҳамчунин бо ҳосили ҷамъоварда аз заминҳои наздиҳавлигӣ миқдори гандуми ҷамъоварда ба 1 миллион тонна мерасад.

Тоҷикистон дар сол ба 1 миллиону 250 ҳазор тонна ғалла ниёз дорад ва имсол 1 миллион тоннаи он дар кишвар ҷамъоварӣ шудааст ва ин боиси поин омадани қиммати гандум дар бозорҳо гаштааст ...
Раиси бахши зироаткории Вазорати кишоварзӣ дар посух ба ин суол, ки оё Тоҷикистон имкони нигоҳ доштан ва орд кардани ин миқдор ғалларо дорад ё не, гуфт, нигоҳ доштани гандум шарт нест, ба ин далел, ки гандуми ҳосилшуда дар дасти соҳибкорон аст ва онҳо ин гандумро ба бозор арза мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Сафар Маҳмадиев, раиси идораи сиёсати иқтисодӣ ва дурнамои Вазорати кишоварзӣ, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир осиёбҳои хусусӣ ба орд кардани гандуми ватанӣ пардохтаанд ва дар аксар маврид орди ватаниро бо тамғаи орди машҳури "Шамалғани Қазоқистонӣ" ба фурӯш мебароранд.

Имсол дар Қазоқистон низ ҳосили ҳангуфти ғалла ба даст омадааст ва Тоҷикистон яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи орду гандуми Қазоқистон ба ҳисоб меояд. Ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон, ҳосили зиёди гандум боиси поин омадани қиммати орду гандум дар бозорҳои минтақа хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG