Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар тими Баҳрайн


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Непал бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозӣ 5-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд. Голҳоро Иброҳими Мӯҳтоҷзода (дақиқаи 28-ум) ва Дилшод Расулов (73-юм) аз масофаи дур ба самар расонданд. Ҳарду гол баъди аз бозӣ хориҷ шудани Абдулраҳмон Ал-Амаирӣ зада шуд. Бозигари Баҳрайн дар дақиқаи 24-ум майдонро тарк кард. Вале се дақиқа пеш аз ин капитани дастаи Тоҷикистон Дилшод Расулов тӯбро аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра хато зад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Зоир Бобоев бо чунин ҳайат бозӣ кард: Баҳодур Шамсов, Бузургмеҳр Қодиров (Умар Бобокалонов, 54), Дилшодҷон Каримов, Дилшод Холиқов, Дилшод Саломов, Абдулло Саидов, Дилшод Расулов (к), Додохон Мӯъминов (Фирдавсии Юсуфзода, 61), Ойбек Абдуғаффоров, Иброҳими Мӯҳтоҷзода, Толибҷон Султонов (Шаъбон Раҳматзода, 70).

Дар бозии дуввуми ин гурӯҳ дастаи Лубнон бар тими мизбон – Непал - бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «В» дастаҳои Тоҷикистон ва Лубнон бо 3-имтиёзӣ пешсафанд.

Имрӯз, 7-уми октябр, нахуст дастаҳои Баҳрайн ва Лубнон, сипас Тоҷикистон ва Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Сабқати интихобӣ аз 8 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ («А» - «G»), ғолиби гурӯҳи «Н» ва беҳтарин даста аз байни ҷойҳои севум ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Дар айни ҳол ду дастаи беҳтарини гурӯҳи «F» - Чин ва Тимори Шарқӣ (бо 13-имтиёзӣ) ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Ба ин гурӯҳ, инчунин, дастаҳои Ҳонконг, Сингапур, Гуам ва Макао шомил буданд.

Дар гурӯҳи «D» (Уммон, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон) 6 бозӣ бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: АМА – Қирғизистон – 3:0, Ҳиндустон – Урдун – 1:6, Туркманистон – Уммон – 0:2, Ҳиндустон - Туркманистон – 2:1, Уммон – Қирғизистон – 2:0, Урдун – АМА – 0:0. Дар ин гурӯҳ Уммон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал аст. Урдун ва АМА 4-имтиёзӣ доранд.

Дар гурӯҳи «Е» (Ҷопон, Тайван, Индонезия, Бангладеш ва Филиппин) 4 бозӣ баргузор шуд: Ҷопон – Филиппин – 12:0, Индонезия – Бангладеш – 0:0, Тайван – Филиппин – 4:1, Бангладеш - Ҷопон– 0:6. Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 6 имтиёз дар ҷои аввал аст. Тайван 3 имтиёз дорад.

Дар гурӯҳи «Н» се даста – Австралия, Малайзия ва Лаос ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ танҳо як бозӣ доир шудааст. 6-уми октябр дастаи Австралия тими Лаосро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Кувайт, Покистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка ва Узбакистон 19-уми октябр шурӯъ мешаванд.

Бозиҳои гурӯҳи «С» (Бутан, Ироқ, Фаластин, Қатар, Сурия ва Яман) 8-уми октябр оғоз меёбанд.

Дастаҳои гурӯҳи «G» (Камбоҷа, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Мянмар, Тайланд ва Вйетнам) 9-уми октябр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG