Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти ИДМ намеравад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 9-уми октябр дар Молдова баргузор мешавад, раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат намекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Молдова иттилоъ додааст, ки раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон дар нишасти қарибулвуқӯи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок нахоҳанд кард.

Бино ба иттилои ин сарчашма, Тоҷикистону Қазоқистон ба нишаст нахуствазирон ва Туркманистон муовини нахуствазири худро мефиристанд. Ҷониби Узбакистон аз ширкат дар нишаст худдорӣ кардааст. Дар дафтари матбуотии дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзӯъ изҳори бехабарӣ карданд.

Интизор меравад, дар ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои Муштаракулманофеъ ҳудудан 20 масъаларо ба баррасӣ бигиранд, ки марбут ба ҳамкориҳои ин ҷумҳуриҳо дар масъалаҳои муқобила бо пайомадҳои бӯҳрони иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар риштаи гуманитарӣ ва амният мебошад. Омодагиҳо ба таҷлили 65-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон мавзӯи дигари мавриди баррасии ин нишаст мебошад.

Бархе аз сохибназарон чунин тасмими раҳбарияти чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказиро нишонаи коҳиши таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рӯ ба таназзул овардани ин созмон унвон мекунанд.

Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ як созмони байнулмилалист, ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 ва дар заминаи ҷамоҳири собиқи он ташкил ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир ин созмон 11 кишвар узв дорад. Ҳануз ду моҳ қабл 12-умин кишвари узви ин созмон – Гурҷистон расман аз ҳайати он хориҷ шуд.

Аксари аснод ва ҳуҷҷатҳое, ки ин Иттиҳодия дар замони мавҷудияти худ ба тасвиб расонидааст, дар амал ба иҷро надаромадааст. Ва миёни бархе аз кишварҳои узви ин иттиҳодия ба фарқ аз даврони Шӯравӣ ва ё Иттиҳодияи Аврупо низоми раводид ҷорӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG