Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама соҳиби боз як ҷоиза шуд


Маросими супурдани ҷоизаи ҳуқуқи башар ба Далай Лама дар Вошингтон
Маросими супурдани ҷоизаи ҳуқуқи башар ба Далай Лама дар Вошингтон

Дирӯз дар Вошингтон ба раҳбари руҳонии Тибет Далай Лама ҷоизаи ҳуқуқи башар супурда шуд.

Ҷоизаи Бунёди Лантос барои ҳуқуқи башар ва адолатро ба Далай Лама раиси Маҷлиси намояндагони Амрико Ненсӣ Пелосӣ супурд ва гуфт, ки ҷоиза ба Далай Лама барои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон эҳто шудааст. Ӯ афзуд, раҳбари руҳонии Тибет, ки дар ғурбат ба сар мебарад, ҷасурона пайваста ва бо фурутанӣ аз ҳуқуқи башар дифоъ кардааст.

Ҷоиза ба шарафи собиқ вакили маҷлиси намояндагони ИМА марҳум Том Лантос таъсис ёфтааст, ки аз пуштибонҳои аслии ҳуқуқи мардуми Тибет маҳсуб мешуд. Том Лантос дар даъвати Далай Лама барои суханронӣ дар Шӯрои ҳуқуқи башари Конгресс дар соли 1987 нақши калидӣ бозида буд. Далай лама дар маросими супурдани ҷоиза гуфт, ки сазовор шудан ба ҷоиза ба номи дӯсташ Том Лантос барояш мояи ифтихор аст.

Дар чаҳорчуби сафари панҷрӯзааш ба Вошингтон қарор аст Далай Лама бо раиси тозатаиншудаи департаменти давлатии Амрико дар умури Тибет дидору гуфтугӯ кунад ва аммо мулокоти ӯ бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тарҳрезй нашудааст.

Бархе мегӯянд, ки Обама барои тавсеаи равобити ИМА бо Чин талош дорад ва ба ин хотир аз мулоқот бо Далай Лама худдорӣ кардааст. Ва аммо сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гибс изҳор намуд, ки тибқи тавофуқи муштарак дидору гуфтугӯи Обама ва Далай Лама охирҳои сол баьд аз сафари Обама ба Пекин дар моҳи ноябр доир хоҳад шуд.

Гибс афзуд, ки равобити қавии Амрикову Чин фақат ба нафъи Тибет хоҳад буд ва Вошингтон имкон пайдо мекунад, нигарониҳои мардуми Тибетро бо Пекин баррасӣ кунад. Лодӣ Гуярӣ, намояндаи Далай Лама, ҳам гуфт, раҳбари руҳонии Тибет умедвор аст равобити Амрико ва Чин барои дифоь аз манофеьи Тибет мусоидат хоҳанд кард.

Шурӯь аз соли 1991 бори нахустин Далай Лама зимни боздидаш аз Вошингтон аз ҷониби раисиҷумҳур пазируфта нашудааст.
Пекин Далай Ламаро дар ҷудоихоҳй муттаҳам мекунад ва ба мулоқотхояш бо сарони дигар кишварҳо қатьан мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG