Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейсария барои раҳоии Полански розӣ нашуд


Вазорати адлияи Швейсария дархости бо кафолатпулӣ аз маҳбас раҳо кардани таҳиягари маъруфи амрикоӣ Роман Поланскиро рад намуд. Намояндаи вазорат гуфт, ин тасмим бо имкони дубора ғайб задани таҳиягар бастагӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки Роман Полански рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Сюрихи Швейсария боздошт шуд. Дар ҷашнвораи синамо дар ин шаҳр ба ӯ бояд ҷоиза барои саҳми бузург дар синамои ҷаҳониро эҳто мекарданд.
Таҳиягари маъруф барои алоқаи ҷинсӣ бо Саманта Геймери 13 сола дар соли 1977 айбдор мешавад. Ӯ соли 1978 ба хотири муҷозот нашудан Иёлоти Муттаҳидаро тарк кард ва муқими Фаронса шуд. Баъди ин Полански боре ҳам ба Амрико нарафт ва аз сафар ба Бритониё ҳам худдорӣ мекард, зеро имкон дошт он ҷо ӯро боздошт ва ба Амрико истирдод кунанд. Мақомоти аёлати Калифорния изҳор намуданд, ки дархост ба ҳукумати Швейсария барои истирдоди таҳиягар Полански ба ИМА тайи ду моҳи оянда ироа хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG