Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти артиши Туркия алайҳи ҲКК идома хоҳад кард


Парлумони Туркия мандати нерӯҳои низомиии худ барои амалиёт алайҳи ошубгарони курдро барои як соли дигар тамдид кард. Аз моҳи октябри соли 2007 ба ин сӯ ҳавопаймоҳои низомии Туркия чандин бор мавқеъҳои ошӯбгарон аз Ҳизби коргарии Курдистон (ҲКК)-ро ҳадафи бомборон қарор додаанд. Моҳи феврали соли гузашта нерӯҳои Туркия марзи Ироқро убур карда дар хоки кишвари ҳамсоя алайҳи ҷудоихоҳони курд амалиёт доир намуданд. Дар навбати худ ошубгарони ҲКК, ки талоши таъсиси давлати мустақилро доранд, пайваста ба маҳаллаҳои Туркияи ҳамсоя ҳамла мекунанд.
XS
SM
MD
LG