Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Русия аз Политковская ёд мекунанд


Имрӯз аз куштори хабарнигори маъруфи рус Анна Политковская се сол сипарӣ мешавад. Қарор аст дар чанд шаҳри Русия намоишҳо ва маҳфилҳои ёдбуди хабарнигори нашрияи “Новая газета” баргузор шавад.
Ахиран мақомоти Русия ба ду тан аз масъулини созмони “Хабарнигорони бидуни марз” иҷозаи вуруд ба кишварро надоданд. Ҳомиёни ҳуқуқҳои хабарнигорон бояд дар як нишасти хабарӣ дар Маскав дар робита ба саввумин солгард аз куштори Анна Политковская ширкат мекарданд. Хабарнигори “Новая газета” Анна Политковская, ки дар масоили Чеченистон матлаби зиёде нашр карда буд, 7 октябри соли 2006 дар канори манзилаш дар Маскав ҳадафи тир қарор гирифта буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG