Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолдер: Бастани маҳбаси Гуантанамо кори осон нест


Эрик Ҳолдер, вазири адлияи ИМА, гуфт, ки то замони муқарраршуда, яъне 22 январи соли 2010 бастани маҳбаси Гуантанамо саҳл нахоҳад буд. Ва аммо ӯ афзуд, ки Вошингтон талош мекунад то ваъдаи дар рӯзи дуввуми раёсатҷумҳурияш додаи Барак Обама иҷро шавад. Айни ҳол дар маҳбаси воқеъ дар пойгоҳи низомии Гуантанамо 223 гумонбари терроризм нигаҳ дошта мешаванд. Аз ин пеш вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс низ ба имкони баста шудани маҳбаси Гуантанамо то замони муқарраршуда шак карда буд. Ба гуфтаи ӯ, барои бастани ин маҳбас вақти бештар зарур аст.
XS
SM
MD
LG