Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо сиёсатмадорон Афғонистонро баррасӣ мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, имрӯз бо конгрессменҳо ва сенаторҳои шинохта дар робита ба интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон машваратҳо анҷом медиҳад. Аъзои Конгресс гуфтанд, ки барои пуштибонӣ аз раисиҷумҳур омодаанд ва аммо иқрор карданд, ки ихтилофи назар дар мавриди стратегия дар Афғонистон боқӣ мемонад. Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон Стэнлӣ Маккристал ахиран хостори тақвияти ин нерӯҳо шуд. Ба гуфтаи ӯ, интиқоли сарбозони нав барои пирӯзӣ аз болои Толибон ва ҷилавгирӣ аз сари қудрат омадани онҳо зарур аст. Ва аммо, бархе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла, мушовири раисиҷумҳур дар умури амнияти миллӣ Ҷеймс Ҷонс мегӯянд, ки ҳукумати Кобул пойдор аст ва ба Афғонистон хатари дубора ба қудрат расидани Толибон таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG