Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Бан Ки Мун аз боздошти Низеймана


Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони милали Муттаҳид, аз боздошти яке аз гумонбарони наслкӯшӣ дар Уганда истиқбол кард. Дар ин бора СММ ахиран изҳорот пахш намуд. Дирӯз мақомоти Уганда хабар доданд, ки раиси пешини хадамоти кашф Иделфонзе Низеймана аз сӯи Интерпол боздошт шудааст. Низеймана барои ташкили қатли оми қавмҳои тутсӣ ва ҳуту дар соли 1994 масъул шумурда мешавад. Барои боздошти Низеймана ИМА панҷ миллион доллар ҷоиза таъйин карда буд. Мақомоти Уганда гуфтанд, ки Низеймана дар наздиктарин фурсат ба шаҳри Арушаи Танзания интиқол меёбад, то мавриди бозпурсии додгоҳи низомӣ оид ба Руанда қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG