Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физика


Се донишманд, ки дастгоҳҳои аккосии рақамӣ ва ноқилҳои оптикӣ маҳсули фикру кори онҳост, соҳиби ҷоизаи Нобел дар илми физика шуданд.

Чарлз Као, донишманди зодаи Чин, вале шаҳрванди Бритониёву Амрикоро барои он сазовори ҷоизаи Нобел донистаанд, ки нурафканӣ аз ноқилҳои оптикиро кашф кард. Ноқилҳое, ки ҳоло барои иртиботи телефону интернет дар Тоҷикистон ҳам гузаронидаанд.

Вилярд Бойле ва Ҷорҷ Смит, ки нисфи ҷоизаи пулии Нобелро миёни ҳам тақсим мекунанд, барои ихтироъи нимноқилҳое ба ин ҷоиза мушарраф шуданд, ки дар ҳар як дастгоҳҳои аккосии рақамӣ ҳаст.

Ҷоизаи 1 миллиону 400 ҳазор долларӣ байни се нафар тақсим мешавад, нисфи онро Чарлз Као мегирад ва боқимондаро Вилярд Бойле ва Ҷорҷ Смит. Ҳар се нафар диплом ва даъватнома ба расми тақдими ҷоизаро мегиранд, ки рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Стокҳолм баргузор мешавад.

Чарлз Као, ки дар шаҳри Шанхай таввалуд ёфтааст, соли 1966 кашф кард, ки чӣ гуна метавон аз тариқи ноқилҳои фибрӣ нурро ба масофаҳои дур интиқол дод. Ҳоло ҳамин ноқилҳои оптикӣ ва фибрӣ ҳастанд, ки имкони ба ҳар гӯшаи дунё телефон кардан ва ё аз тариқи интернет васл шуданро медиҳанд.

Бо ноқилҳои фибрии шишагӣ ҳоло метавон, нурро то ба масофаи бештар аз 100 километр интиқол дод. Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон ҳам аз ин ноқилҳо истифода мебаранд ва начандон пеш бо насби чунин ноқил дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, имкони иртибот миёни ду кишвар ва тамоми дигар кишварҳои осиёиро осон карданд.

Аммо Вилярд Бойле ва Ҷорҷ Смит, чизеро ихтироъ карданд, ки Си-Си-Ди унвон дорад ва таърифи илмии он ҳам осон нест. Аммо агар дастгоҳи аккосии рақамӣ доред, пас бидонед, ки “чашм” ё дурбини он маҳсули кору андешаи ҳарду донишманд аст. Си-Си-Ди ҳам барои дастгоҳҳои аккосӣ ва барои абзорҳои ҷарроҳии нозук истифода мешавад.

Абзори офаридаи донишмандон, нурро дар муддати кӯтоҳе ба зарраҳои акс ва ё пикселҳо табдил медиҳад. Ҳангоми тақдими ҷоиза гуфтанд, ки бидуни Си-Си-Ди, дастгоҳҳои аккосии рақамӣ рушди кунде доштанд ва инсоният ҳам наметавонист, ба ин зудиҳо аксҳои ҳайратангези кайҳон ва аз ҷумла биёбонҳои сурхи саёраи Миррихро бубинад. Абзорҳои тиббие, ки аъзои дарунии инсонро ҳам нишон медиҳанд, ҳамон чашмеро доранд, ки бо истифода аз Си-Си-Ди сохта шудааст.

Зимнан ҷоизаи Нобел дар илми тибро рӯзи душанбе ба се донишманди амрикоӣ сазовор донистанд, ки мавҷудияти ферментҳоеро ошкор намудаанд, ки аз фарсудашавии хромосомаҳо ҷилавгирӣ мекунад. Кори онҳо дар роҳи табобати бемории саратон ва таҳқиқи пиршавии инсон бисёр муҳим будааст.

Ҷоизаи Нобелро соли 1901 бо васияти Алферд Нобел ихтироъкори швед ва офарандаи динамит, таъсис додаанд. Вай васият кардааст, ки ҷоизаро ба онҳое диҳанд, ки бо кори худ барои инсоният манфиати бузурге овардааст.
XS
SM
MD
LG