Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори 40 Толиб дар Афғонистон


Вазорати дифоъ дар Кобул гуфт, ки нирӯҳои афғониву амрикоӣ дар 24 соати ахир дар кӯҳҳои шарқи Афғонистон 40 ҷангиро ба ҳалокат расонданд. Сухангӯи вазорат Муҳаммадзоҳир Азимӣ гуфт, ки дар ин муддат инчунин 10 сарбози артиш, асосан дар вулусволии Комдиши вилояти Нуристон кушта шуданд. Рӯзи шанбе дар ин маҳал ҳашт сарбози амрикоӣ дар натиҷаи шабехуни Толибон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG