Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайх Тантовӣ ниқобро манъ кард


Муҳаммад Сайид Тантовӣ, ҳини суханронӣ дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе
Муҳаммад Сайид Тантовӣ, ҳини суханронӣ дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе

Муҳаммад Сайид Тантовӣ, шайхи акбари Донишгоҳи Ал-Азҳар мегӯяд, донишҷӯдухтарон набояд дар дохили синфхонаҳо ниқоб пӯшанд.

Донишманди маъруфи ислом Муҳаммад Cаид Тантовӣ, имоми акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳар, ки дар Симпозиюми байнулмилалии Имоми Аъзам дар Душанбе ширкат дорад, дар сӯҳбате бо хабарнигорони радиои Озодӣ дар мавриди тасмими манъи пӯшидани ҳиҷоб ё ниқоб дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ибрози назар кард.

Вай гуфт, «мо фатво содир накардаем, ки зани мисрӣ дар кӯчаву хиёбон ниқоб напӯшад. Ин амри мо марбут ба он аст, ки набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занҳо таълим мегиранд, ниқоб пӯшад. Зеро дар он синфхонаҳо бо шумули устозаҳо танҳо занҳо ҳузур доранд ва ҳоҷат ба ниқоб пӯшидан нест».

Набояд донишҷӯдухтар дар дохили синфхонаҳои донишгоҳ, ки дар он ҷо танҳо духтарон ҳузур доранд ва танҳо занон таълим мегиранд, ниқоб пӯшад ...
Муҳаммад Cаид Тантовӣ ҳамчун донишманди маъруф дар ҷаҳони ислом шинохта шудааст ва фатвои ӯ дар мавриди ниқоб ё ҳиҷоб барои донишҷӯдухтарон вокуниш дар байни уламои исломро ба бор овардааст. Чунончи, имрӯз чанд вакили исломгарои порлумони Миср истеъфои Муҳаммад Сайид Тантовиро аз маснади имом-акбари Масҷиди Ал-Азҳар ва шайхи Донишгоҳи Ал-Азҳарро талаб кардаанд.

Масъалаи ҳиҷоб ахиран дар Тоҷикистон низ мавриди баҳсу баррасиҳо қарор дорад. Қаблан Вазорати маорифи Тоҷикистон бо таҳия ва қабули дастурамали нав пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои кишварро манъ кард.

Оқои Тантовӣ зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар иртибот ба баҳси ҳиҷобпӯшӣ дар донишгоҳу макотиби Тоҷикистон гуфт, ин масъала марбут ба мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон аст ва посухи ин суолро бояд аз онҳо пурсид.

Дар масъалаи марбут донистани терроризм ба ислом профессор Муҳаммад Тантовӣ гуфт, ин назари хирадмандона ва оқилона нест. Вай афзуд, «мардуми бофарҳанг ва оқил ҳеҷ гоҳ намегӯянд, ки ислом бо терроризм ва харобкорӣ иртиботе дорад. Терроризм маънии хароб кардан ва зиндагии мардуми осоиштаро нооором ва зери хатар гузоштан аст ва ҳама динҳои осмонӣ бо шумули дини ислом ва ҳамчунон аҳли башарият онро маҳкум мекунад».

Мавзуи дигаре, ки дар сӯҳбат бо шайх Тантовӣ матраҳ шуд, масъалаи зуҳури ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон буд. Оқои Тантовӣ дар мавриди ин ҷараён гуфт, «модоме, ки Салафия аз шариати ислом пазироӣ мекунад, мо ба он муқовимат нишон намедиҳем ва онро хайрамақдам мегӯем. Ба шарте, ки мувофиқи таълимоти шариати ислом бошад ва аз он берун наравад».

Мусоҳиба бо шаӣх Тантовӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00



XS
SM
MD
LG