Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон ба Молдова намеравад


Итар-Тасс хабар медиҳад, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар нишасти қарибулвуқӯи кишварҳои иштирок нахоҳанд кард. Қарор аст ин ҳамоиш рӯзи 9 октябр дар пойтахти Молдова шаҳри Кишинёв доир шавад. Вазорати хориҷаи Молдова гуфт, ки Тоҷикистону Қазоқистон ба нишаст нахуствазирон ва Туркманистон муовини нахуствазири худро ирсол кунанд. Дар ин ҳамоиш раҳбарони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ҳудудан 20 масъаларо ба баррасӣ мегиранд, ки марбут ба ҳамкориҳои ин ҷумҳуриҳо дар масъалаҳои муқобила бо паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар риштаи гуманитарӣ ва амният мебошад. Омодагиҳо ба таҷлили 65-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон мавзӯи дигари мавриди баррасии ин нишаст мебошад. Русияро қарор аст раиси ҷумҳурии ин кишвар Дмитрий Медведев намояндагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG