Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Эрон се нашрия баста шуд


Тибқи гузоришҳо, мақомоти эронӣ се нашрияи мухолифинро бастанд. Расонаҳои давлатӣ гуфтанд, ки як комиссиюни давлатӣ, ки ба назорат аз кори матбуот ихтисос дорад, ба бастани рӯзномаҳои “Фарҳанги оштӣ”, “Ормон” ва “Таҳлил рӯз” амр додааст. Сабаби чунин тасмим шарҳ дода намешавад. Гуфта мешавад, ки дар замони эътирозҳои баъдиинтихоботӣ аз дубора сари қудрат омадани Маҳмуди Аҳмадинажод ин нашрияҳо бештар аз тазоҳургарон пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG