Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Қурайшиву Клинтон дар Вашингтон


Вазири хориҷаи Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, ки бо як сафари корӣ дар Вашингтон ба сар мебарад, имрӯз бо вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва қонунгузорони амрикоӣ дар Конгресс мулоқот хоҳад кард. Дар меҳвари гуфтугӯҳо муборизаи зидди шӯришиён ва кӯмаки Амрико ба Покистон қарор дорад. Ҳафтаи гузашта Конгресс тарҳи кӯмакҳои ғайринизомиро ба Покистон қабул кард, ки ҳаҷми ёриҳоро се баробар яъне то ҳудуди 1,5 миллиард доллар барои панҷ соли оянда афзоиш медиҳад. Ҳанӯз ин тарҳи қонун бояд аз ҷониби президент Обама ҳам имзо шавад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ҳоло дар масъалаи тарзи тақсими ёриҳо савол хеле зиёд аст, ки бештар ба нигарониҳои амниятӣ ва фасодзада будани мақомот иртибот мегирад.
XS
SM
MD
LG