Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳони пурранги ду рассоми наврас


Манзараи зебои деҳ. Аз миёни дарахтони сабз бинои хушсохту озодаи масҷид намудор мешавад. Дар ҳавлии масҷид ҷавонписарон тоқй бар сар намоз мегузоранд.

Ин тасвири расми офаридаи Абубакр - як рассоми наврас аст, ки муҳиту шароити масҷиди деҳи худ ва ҳолати намозгузоронро дар як асараш бо маҳорати хубу хеле ҷолиб рӯи қоғаз овардааст. Абубакри 11- сола, хонандаи синфи панҷуми мактаби рассомии шаҳри Ваҳдат аст, дар озмуни ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» яке аз беҳтаринҳо дониста шуд. Абубакр мегӯяд, ин асарашро ӯ давоми як рӯз бо мушоҳидаи саҳнаи намозгузорй дар масҷид офаридааст ва ин тасвири худро рассоми наврас аз муваффақтарин наққошиҳояш меҳисобад.

Рассоми ҷавон мегӯяд, «бисёр хушрӯй аст дар назарам. Ҳамеша ба ин расм нигоҳ мекунам ва аз диданаш сер намешавам. Барои кашидани ин расм ман ҳангоми намози пешин, ки 10 ракъат аст ва тул мекашад ба масҷид рафтам ва аз тирезаи ошёнаи баланди он рӯи мизе баромадаву онро кашидам. Вале то анҷоми намози пешин ҳам натавонистам онро ба охир расонам ва ҳамин тавр дар намози асру шом ҳам дар масҷид мондаву кӯшиш кардам ҳама дидаҳоямро тариқи расм тасвир кунам».

Рассоми ҷавон Абубакр мегӯяд, бештар тасвири табиатро меписандад
Абубакр меафзояд, офаридани ҳама гуна наққошиҳоро дар берун аз синфхона дар табиат дӯст медорад ва идеяву илҳоми расмкашиаш аксаран ғайриинтизорй дар ҳолат ва муҳити мухталиф пайдо мешавад. Аммо аксар расму тасвирҳои рӯи қоғаз оварда ин рассоми наврас дар мавзӯи табиат аст. Дар як асари дигари худ ӯ шоми деҳеро тасвир кардааст, ки танҳо аз се дарахти бесамару зард иборат аст ва ба биёбоне шабоҳат дорад. Бо ин тасвири худ Абубакр бетаваҷҷӯҳии одамон нисбат ба сарватҳои табии ва буридани дарахтҳоро нишон медиҳад.

Абубакрро дар синни шашсолагй волидон ба мактаби рассомй овардаанд ва ду соли аввали таҳсил барои ин рассоми хурдсол, ки он замон ҳатто тарзи дуруст доштани қаламро намедонистааст, бисёр мушкил будааст. Аммо, мегӯяд ӯ, акнун дарк мекунад, ки ин ҳама мушкилоташ танҳо дар надонистани як сирру вижагии санъати рассомӣ будааст.

Вай мегӯяд, «қаблан дар дарсҳо сӯҳбат мекардам ва ба корам чандон таваҷҷӯҳи ҷиддй намедодам. Баъдан фаҳмидам, ки ҳангоми расмкашй бояд ором бошй ва ҳама фикр бояд танҳо дар расм ва тасвир бошад. Агар касе дар наздат набошад, корат боз беҳтар мешавад. Қабл аз расмро рӯи қоғаз овардан ман онро аввал дар худ лаҳзае тасаввур мекунам баъд мекашам. То он тасвирро дар худ тасаввур накунам, наметавонам рӯи қоғаз оварам».

Аммо барои Нилуфар, ки низ аз хурди тариқи расм рӯи коғаз овардани ҳама тахаюлоту мушоҳидаҳояш шавқ доштааст, бештар аз ҳама тасвири ҷонварон ва рафтори онҳо тариқи расм писанд будааст. Аксар офаридаҳои ӯ низ бо расми оҳу ва гурбаву дигар ҷонварон дар озмуни рассомони наврас баҳои баланд гирифтааст. Нилуфар мегӯяд, тариқи ин нигораҳои худ ӯ мехоҳад меҷри одамонро ба ҷонварон бештар созад ва онҳоро наранҷонанд.

Нилуфар бар ин назар аст, ки ҳунари рассомӣ дар зиндагӣ ба ӯ ҳамеша кумак хоҳад кард
Нилуфар мегӯяд, «расссомони мо дар Тоҷикистон дар тасвирҳои худ аз ҷонварон кам истифода мебаранд ва бештар табиат манзараҳои мухталифро мекашанд. Ман ҷонваронро худ нағз мебинам. Вале мебинам бисёриҳо имрӯз ҷонваронро мезананд ва муносибати бад мекунанд бо онҳо, ки албатта ин хуб нест».

Аммо ба гуфтаи ин мусоҳибонам мушкили аслй дар кори рассомон ин гаронй ва камёфт будани масолеҳи расмкашй ба хусус рангҳои махсус будааст, ки на ҳама шароити харидории онро доранд.

Нилуфар ва Абубакр мегӯянд, ба ақидаи баъзе ҳамсолонашон, ки рассомй касбй на чандон муҳим ва сердаромад аст, розй нестанд ва мегӯянд, санъати расмкашй ҳатман барояшон кор хоҳад дод. Абубакр мегӯяд, ӯ аз ҳоло ба фарқ аз дигар наврасон ба интихоби ранги либоси худ мисли интихоби ранг дар асарҳояш таваҷҷӯҳи хос медиҳад.

Вай меафзояд, «аз рӯзе, ки дар мактаби рассомй мехонам ва ба вижагиҳои ин касб сарфаҳм меравам, аллакай вақте бо падару модарам ба бозор меравам, он чизеро, ки онҳо интихоб мекунанд, ман намегирам, чун ранги он ба ман писанд намеояд, ё ба либоси дигарам мувофиқ нест. Ман беҳтар медонам, ки кадом ранг бо кадомаш мувофиқ аст».

Нилуфар мегӯяд, «масалан, ман фардо агар дузанда шавам, барои ман омӯхтани он хеле осон аст, чун барои ин касб ҳам кашидан ва эҷоди нақшу гулҳо муҳим аст. Ва ман аллакай медонам, ки дар ранги кадом курта чй гуна муҳра зад, ё бо кадом ришта онро бояд оро дод. Ин ҳама албатта санъати рассомй аст».

Як омили аслии паст будани шавқи ҷавонону наврасон ба санъати расмкаширо Абубакру Нилуфар дар нодуруст ба роҳ мондани дарсҳои расму нақшаи мактаби миёна марбут медонанд, ки ба ақидаи онҳо, аслан барои хонандагон ҷолиб нестанд ва аксарият ҳатто ширкат дар дарси ин фанҳоро зарур ҳам намедонанд.
XS
SM
MD
LG