Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Soyez bienvenus à Shurbuloq


Нобел барои ноқилҳо

Ҷоизаи имсолаи Нобел барои илми физикаро имрӯз, се донишманд барои кашфиёташон дар амри истифодаи ноқилҳои оптикӣ ва нимноқилҳо соҳиб шуданд, ки аз онҳо дар шабакаҳои мухобиротӣ ва дастгоҳҳои аккосӣ ниҳоят зиёд кор гирифта мешавад. Чарлз Као шаҳрванди чинитабори Бритониё ва Амрико нисфи ҷоизаи пулиро барои дастовардҳояш дар таҳқиқи ноқилҳои оптикӣ соҳиб мешавад ва бақияи ҷоизаро Ҷорҷ Смиф аз Амрико ва Виллярд Бойле, шаҳрванди Амрикову Канада бо ҳам мебинанд, ки абзорҳои пешрафтаеро барои дастгоҳҳои аккосӣ офаридаанд. Кумитаи тақдими ҷоизаи Нобел мегӯяд, ин се нафар дар шакл додани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нақши бисёр муҳиме доранд. Арзиши Ҷоизаи Нобел, 10 миллион крони шведӣ ва ё 1 миллиону 400 ҳазор доллар мебошад.

Soyez bienvenus à Shurbuloq

Донишмандони Тоҷикистон мегӯянд, ки ба зудӣ ҳамроҳ бо ҳамкорони фаронсавиашон дар яке аз расадхонаҳои кишвар ба таҳқиқи ҷирм ва нурҳои кайҳонӣ шурӯъ хоҳанд кард. Расадхонаи Шурбулоқ воқеъ дар Помири Шарқӣ, чанде пеш тармим ва барои мушоҳидаи ҷирму таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст. Баландии расадхона, ҳавои камабр ва рӯзҳои зиёди офтобӣ, ки кори мунаҷҷимонро осон мекунад, сабаби ҷалби таваҷҷӯҳи олимони хориҷа ба ин расадхонаи Тоҷикистон шудааст.

Нанозарра шуморо табобат мекунад

Олимони Бритониё мегӯянд, шеваҳои истифодаи нанозарраҳоро меомӯзанд, ки барои табобати бемории кушандаи саратон мусоидат мекунад. Пажӯҳишгарон мехоҳанд, миқнотис ва ё магнитҳои баробар бо нанозарраҳоро ба ҷисми инсон ворид намоянд, ки он зарраҳо бидуни осебе ба ҳуҷайраҳои солим ҳуҷайраҳои саратонро сузонда нобуд кунанд. Пажӯҳишгарони Бритониё ошкор кардаанд, ки нанозарраҳои оксиди оҳан, ки ба подтанҳо ва ё ҳуҷайраҳои саратонҷӯ ворид карда шудаанд, барои маҳв мустақиман ба варами саратон мерасанд.

Ҷаҳони себӯъдӣ дар хонаи шумо

Ширкатҳои бузурги ҷопонӣ, Сонӣ ва Панасоник мегӯянд, дар ҳоли тавдиди телевизионҳое ҳастанд, ки филму бозиҳоро дар шакли себӯъдӣ намоиш медиҳанд. Намунаҳои ин телевизионҳо дар намоишгоҳи абзори электронӣ дар Ҷопон ба намоиш гузошта шудааст ва Сонӣ ва Панасоник мегӯянд, соли оянда нахустин навъҳои телевизионҳои себӯъдиро ба бозор ворид хоҳанд кард. Телевизионҳои себӯъдӣ тавре намоиш медиҳанд, ки инсон худро дар дохили филм ва агар навори табиат бошад, дар дохили он эҳсос мекунад. Намоиши фимлмҳои себӯъдӣ ҳоло танҳо дар синамоҳо имконпазир аст.

Берун набароед, омоси аппендитсит мешавед

Таъсири кӯтоҳмуддати ҳавои олуда сабаби бемории омоси аппендитсит дар афроди бузургсол мешудааст. Пажӯҳишгарони Канада баъди як таҳқиқ дар ин замина дарёфтаанд, афроде, ки дар моҳҳои июн июл ва август на бештар аз як ҳафта аз ҳавои олуда ба диоксиди нитроген нафас гирифтаанд, ду маротиба бештар ба бемории омоси аппендитсит гирифтор шудаанд. Оксиди нитроген асосан аз дуди мошинҳо ихроҷ мешавад ва барангезандаи бемориҳои роҳҳои нафас ҳам мебошад. Пажӯҳишгарони Канада мегӯянд, омоси апендитсит дар он афроде асосан рушд кардааст, ки на дар утоқ балки дар зери ҳавои боз кор мекардаанд, аз ин рӯ иртиботи бемории мазкур бо олудагии ҳаво дақиқ аст.

Ба «Майкрософт» ҳамла карданд

Ширкати “Майкрософт” мегӯяд, дастрасӣ ба ҳазорон имейли корбаронашро мутаваққиф кардааст, ки рӯзе пештар нишонии онҳоро бо рамзҳояшон дар як вебсайт гузоштанд. Рахна дар низоми амниятии хадамоти имейлии ширкати Майкрософт, охири ҳафтаи гузашта ошкор шуд ва Майкрософт, гуфт, зоҳиран иттилоъоти хусусии корбаронро бо роҳи ба истилоҳ “домгузорӣ” аз худ кардаанд. Бо роҳи “домгузорӣ” дуздони интернетӣ, корбарони вебсайтҳои иҷтимоиро ба вебсайтҳои худ бурда ва иттилоъотип хусусӣ аз ҷумла дар мавриди ҳисобҳои бонкии онҳоро аз худ мекунанд. Аз ин рӯ фирефтаи ҳаргуна имейлҳо доир ба аксҳои зебои ҳунармандон нашавед, зеро онгуна имейлҳо нармафзоре дорад, ки барои дуздидани иттилоъоти хусусӣ дар комютерӣ шумо насб мешавад.
XS
SM
MD
LG