Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони порлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як конфронс дар шаҳри Бишкек роҳҳои мубориза алайҳи бемории СПИД-ро ба баҳсу баррасӣ кашиданд.

Ба гуфтаи иштирокчиёни ин нишаст яке аз омилҳои асосӣ, ки теъдоди мубталоёни ин бемории хатарнок дар Осиёи Марказиро афзоиш додааст, истеъмоли маводи нашъовар ва сол аз сол зиёдшавии сафи бекорон мебошад. Гуфта шуд, ки дар ҳамин ҳол теъдоди мубталоёни ин беморӣ дар миёни аҳолии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон - дасти кам 32 ҳазор нафар мебошад, ки бештар аз 75 дарсади онҳоро мардҳо ташкил мекунанд.

Тилек Меймоналиев, мудири иҷроияи лоиҳаи назорати СПИД дар Осиёи Марказӣ, гуфт, лоиҳаи онҳоро Бонки ҷаҳонӣ аз тариқи грант маблағгузорӣ мекунад ва 25 миллион доллари хазинаи ин лоиҳа аз тарафи ИМА ва ду миллион доллари боқмондаро департаменти рушди байналмиллалии Бритониё пардохтааст. Вай афзуд, ки лоиҳаи назорат бар СПИД дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ таҳти иҷро қарор гирифтааст ва муҳлати ниҳоии он 31-уми декабри соли 2010 муқаррар шудааст.

Феълан дар Тоҷикистон 1422 нафар ба бемории СПИД гирифтор аст. Аксарияти онҳо афродеанд, ки ин беморӣ ба онҳо аз тариқи сӯзандору сироят кардааст ...
Мурод Мусатоев, муовини дабири кулли созмони АвруОсиё, гуфт, ки конфронси байнипорлумонии чаҳорум, ки дар Бишкек ифтитоҳ ёфтааст, ду рӯз давом хоҳад кард ва дар мавриди табодули таҷриба ва такмилёбии қонунгузориҳо оид ба ангезандаи Эйч-Ай-Ви хеле мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Гулнор Саитмаганбетова, депутати порлумони Қазоқистон, ба ангезандаи бемории қаттоли СПИД мубтало шудани занони ҳомиладор боиси ташвиши ҷомеаи кишвараш шудааст. Вай афзуд, ки дар Қазоқистон 1142 зани ҳомиладор маҳз ба ин бемории фалокатбор дучор шудаанд. Ба гуфтаи Гулнор Тасмаганбетова, маҳалҳои иҷрои мӯҳлати ҷазои Қазоқистон дар афзоиши теъдоди мубталоёни ВИЧ-СПИД мусоидат кардааст. Вай гуфт, ки дар ҳамин ҳол дасти кам чаҳор ҳазор афроди ба ангезандаи бемории Эйч-Ай-Ви дар маҳбасҳои кишвараш ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамоиши байнулмиллалии Бишкек ҳамчунин таъкид гардид, ки яке аз роҳҳои пешгирии рушди ин беморӣ дар миёни аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ тавсеаи ҳамкориҳои идораҳои марбутаи ин чаҳор кишвар ва созмонҳои байнулмиллалие мебошад, ки лоиҳаҳои назорат бар СПИД-ро таъмини молӣ мекунанд.

Асомиддин Латифов, ҳамоҳангсози лоиҳаи минтақавии назорат бар СПИД дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҷараёни паҳншавии бемории СПИД дар саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ якранг аст. Вай афзуд, «феълан дар Тоҷикистон 1422 нафар ба бемории СПИД гирифтор шудаанд. Аксарияти онҳо афродеанд, ки ин беморӣ ба онҳо аз тариқи сӯзандору сироят кардааст. Аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ бошад, чанд нафар мубталоёни ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки мутаассифона шарм доштаанд ва ба пизишкон муроҷиат кунанд ва дар натиҷа ин беморӣ ба баъзе аъзои хонаводаи онҳо низ сироят шудааст».

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши Бишкек оид ба мубориза алайҳи СПИД ду рӯз давом хоҳад кард. Қарор аст, ки ин ҳамоиш бо қабули як қатънома 7 октябр ба кори худ хотима мебахшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG