Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулияти таркиши Исломобод ба дӯши Толибон


Толибони Покистон масъулияти анҷоми таркиши маргталабонаро дар назди дафтари Созмони ҷаҳонии ғизо дар Исломобод, ки рӯзи душанбе рӯй дод, ба дӯши худ гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳ Аъзам Тариқ дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс гуфт, ки ҳамла зидди ин созмон ба хотири он анҷом шудааст, ки кӯмаки хориҷии башарӣ “дар доираи манфиатҳои мусалмонон нест”. Дар як занги телефонии ҷудогона бо хабарнигори Ройтерс Тариқ СММ-ро дар чашмпӯшӣ ба бераҳмиҳое муттаҳам кард, ки дар марз бо Афғонистон дар манотиқи қабиланишин рӯй медиҳад. Дар ин манотиқ, ки паноҳгоҳи ҷангиёни Толибон шинохта мешавад, артиш ва ҳавопаймоҳои бехалабони амрикоӣ амалиёти хунини зидди ҷангиёнро пиёда кардаанд. Дар ҳодисаи рӯзи душанбе дар Исломобод чаҳор покистонӣ ва як корманди ироқии Созмони ҷаҳонии ғизо кушта шуданд. Дафтарҳои ин созмон дар Покистон муваққатан баста шуданд. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки бомбгузор бо либоси низомӣ барои гузаштан аз садди амниятӣ иҷозат гирифт ва баъдан вориди ҳоҷатхона шуда таркишро анҷом дод.
XS
SM
MD
LG