Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронӣ аз ҷинояткории кормандони ҳифзи қонун


Имрӯз додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни кормандон ва мақомоти ҳифзи қонуни кишвар изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли равон 51 кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Аксари кулли ин нафарон барои гирифтани пора ва сӯистифода аз мақоми хизматӣ айбдор шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар давоми 12 моҳи соли гузашта куллан 53 корманди ҳифзи ҳуқуқ барои қонунвайронкунӣ айбдор шудаанд. Додситони кулл инчунин аз тамоюли афзояндаи ҷиноятҳои дигар изҳори ташвиш карда гуфт, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 100 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шудааст.
Аз додситони кулл сарнавишти ҳукми 31 нафари аз рӯи парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ба солҳои тӯлонӣ зиндонишуда суол шуд. Моҳи июли имсол Бобоҷон Бобохонов гуфта буд, ки ҷараёни муҳокимаи судӣ бо иштибоҳҳо сурат гирифта додситонӣ барои бознигарӣ шудани ҳукми ин афрод талош хоҳад кард. Дар марҳилаи кунунӣ, гуфт ӯ, омӯзиши санадҳо аз ҷониби вакилон идома дорад ва ҳукми мазкур ҳанӯз бознигарӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG