Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатори Душанбе--Маскав" (Бахши 6 - Русия)


Дар ин бахш аз филм, ки роҳи дарозе то марзи Русияро дар бар мегирад, мусофирон аз муносибати худ ба мардуми рус ҳарф мезананд.

Муаллифони филм Мӯъмин Шокиров ва Александр Кулигин талош мекунанд, муҳоҷиронро ба сӯҳбати ошкоро дар бораи муносибатҳои байни Русия ва Тоҷикистон фаро хонанд. Яке аз ҷанги солҳои 1990-и Тоҷикистон ёд мекунад, ки дар давоми он, гӯё русҳо аз Тоҷикистон ронда шудаанд. Дигаре аз тобути ҷавонони тоҷик мегӯяд, ки ҳар рӯзи Худо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Аммо ҳамагон розиянд ва шукр мегузоранд, ки агар Русия намебуд, онҳо аз куҷо кору даромад пайдо мекарданд ва оилаҳои худро наҷот медоданд?

Агар бахшҳои пешинаи филмро надида бошед, қабл аз тамошои ин бахши 6-ум ба сафҳаи ҷудогонаи мо равед, ки пурра ба ин филм бахшида шудааст.

Қатори Душанбе -- Маскав, Қисми 6
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:09 0:00
XS
SM
MD
LG