Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сатҳи миёнаи рушди инсон дар Тоҷикистон


Дар як гузориши СММ доир ба рушди инсон дар соли 2009 Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳое бо сатҳи миёнаи рушд қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрас Тоҷикистон миёни 182 кишвар дар ҷои 127-ум қарор дорад.

Гузориш бар асоси иттилоот оид ба сатҳи зиндагӣ ва ҳимояти иҷтимоии мардумҳо, нишондодҳои саломатӣ, сатҳи маориф ва рушди фарҳангӣ, вазъи ҷиноӣ ва муҳити зист таҳия шуда будааст.

Бино бар ин гузориш, ки муаллифонаш як гурӯҳ коршиносони мустақили байнулмилалӣ будаанд, рушди инсонро дар 38 кишвар дар сатҳи хеле баланд донистааст. Миёни ин кишварҳо Норвегия, Австралия, Исландия, Канада, Ирландия, Ҳолланд, Шведсия, Фаронса, Швейсария ва Ҷопон будаанд.

Рушди инсон дар кишварҳое чун Эстония (40), Литва (46), Латвия (48), Беларус (68), Русия (71) ва Қазоқистон (82 дар сатҳи баланд будааст.

Ҷойи кишварҳои боқимондаи Шӯравӣ дар феҳрас, ки ҳамагӣ ба гурӯҳи сатҳи миёнаи рушди инсон шомил шудаанд, чунин будааст: Арманистон (84), Укроин (85), Озарбойҷон (86), Гурҷистон (89), Туркманистон (109), Молдова (117), Узбакистон (119), Қирғизистон (120) ва тавре, ки Тоҷикистонро аллакай ёдовар шудем, ҷойи 127-ум.

Дар охири феҳраси 182-кишвара Нигер, Афғонистон ва Сйерра-Леоне ҷойгир будаанд. Ҳамроҳ бо онҳо дар гурӯҳи сатҳи пасти рушди инсон боз 20 кишвраи дигар низ шомил будааст.
XS
SM
MD
LG