Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази Қуръон ва сафорати Саудӣ дар Душанбе


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Муҳаммад Тантовӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Муҳаммад Тантовӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ҳамоиши байнулмилалии Имоми Аъзам бо шуморе аз ҳайъатҳои меҳмони ин ҳамоиш дидорҳо кардааст.

Аз ҷумла, бо дабири куллии созмони байнулмилалии омӯзиши Қуръон Абдулло Басфар аз Арабистони Саудӣ сӯҳбат кардааст.

Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, дар ин дидор меҳмон ба раисҷумҳури Тоҷикистон паёми шодбошии шоҳи Саудиро расонидааст ва аз нақши муҳимми ҳамоиши мазкур дар гуфтугуи тамаддунҳо ёдовар шудааст.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин сафар шуморе аз тоҷирони саудӣ ӯро ҳамроҳӣ мекнуанд ва дар вақтҳои наздик дар Душанбе як маркази омӯзиши Қуръон ва сафорати Саудӣ дар Тоҷикистон боз мешавад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бо донишмандону олимони исломӣ аз Қафқоз, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Туркия, Ироқ, Иморот, кишварҳои аврупоӣ ва ИМА мулоқотҳо доштааст.

Ҳамчунин, президенти Тоҷикистон бо шайх Муҳаммад Тантовӣ, имоми Донишгоҳи ал-Азҳари Миср дидор доштааст. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон аз қавли имоми ал-Азҳар навиштааст, «Донишгоҳи ал- Азҳари шариф омода аст ҳар гуна дархости Тоҷикистони дӯсту ташаббускорро бо камоли масъулият ва аз дилу ҷон иҷро намояд».
XS
SM
MD
LG