Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ дар як шабонарӯзро ба панҷ соат коҳиш додааст.

Илёс Давидов, вазири саноат, барқ ва сӯзишвории Қирғизистон, гуфт, аз оғози октябр дар саросари кишвараш ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ коҳиш дода шуд. Оқои Давидов афзуд, ин маҳдудиятҳо аз соати дувоздаҳи шаб то панҷи субҳ давом мекунад.

Ба гуфтаи вазир, баъзе муассисаҳо, корхонаҳо ва иншооти давлативу хусусӣ аз маҳдудиятҳои коҳиши нерӯи барқ ориянд. Ба таъкиди Исёс Давидов, ба ҳар сурат, вай итминон доданист, ки маҳдуд кардани интиқоли нерӯи барқ имкон хоҳад дод, то зимистони соли оянда мардуми кишвараш 24 соат бо нерӯи барқ таъмин бошад.

Бо вуҷуди коҳиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ, ки дар Қирғизистон ҷорӣ шудааст, он фақат 18 дарсади ҳаҷми умумии барқеро ташкил хоҳад дод, ки ин кишвар ва мардум ба ин миқдор нерӯи барқ ниёз доранд. Олга Маҷитова, сармутахассиси Вазорати саноат, барқ ва сӯзишвории Қирғизистон, мегӯяд, дар сарбанди Тухтагул беш аз сенздаҳ миллиарду ҳафтсад миллион мукааб метр об захира шудааст.

Вале Таалай Толубоев, сармуҳандиси сарбанди Тухтагул мегӯяд, кишвараш зимистони соли равонро бидуни ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои интиқоли нерӯи барқ метавонад бе ҳеҷ мушкилот сипарӣ кунад. Вай афзуд, вале ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки ҳаҷми резиши оби рӯдхонаҳои хурду бузург ба обанбори Тухтагул дар соли оянда чӣ қадарро ташкил хоҳад дод. Оқои Толубоев гуфт, мардуми қирғиз хушксолиҳои чанд соли пешро ҳанӯз фаромӯш накардааст ва такрор ёфтани ин ҳол ҳаргиз аз эҳтимол холӣ нест.

Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши қирғизии радиои Озодӣ, иброз дошт, ки соли равон дар натиҷаи пиёда кардани тадобири муҳими ҳукуматӣ ҳаҷми захираи оби сарбанди Тухтагул хеле афзоиш ёфт. Игор Чудинов гуфт, Қирғизистон дар мавриди интиқоли оби сарбанди Тухтагул ба кишварҳои фаромарзӣ ягон монеа эҷод накардааст.
XS
SM
MD
LG