Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз ноамнӣ дар шимоли Афғонистон


Вайсиддин Азаматов, муовини аввали раиси Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири назди Президенти Тоҷикистон гуфт, ташаннуҷи авзоъи шимоли Афғонистон ба кори муназзами намояндагиҳои ин Оҷонс дар вилоятҳои шимолии Афғонистон халал ворид мекунад.

Ба гуфтаи оғои Азаматов, фаъол шудани гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди ҳукуматӣ ва Толибон дар шимоли Афғонистон, ки ба гурӯҳҳои қочоқбар робита доранд, фаъолияти афсарони робити ё намояндагиҳои Оҷонси маводи мухаддири Тоҷикистон дар он кишварро мушкил кардааст. Ин афсарони робит дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон ҳузур доранд. Вайсиддин Азаматов мегӯяд: «мо доим бо кормандони худ дар робита ҳастем ва таъкид мекунем, ки қабл аз ҳама мутаваҷеҳи амнияти худашон бошанд».

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон, дар соли равон ин оҷонсӣ дар ҳамдастии ниҳодҳои марбутаи Афғонистон ва кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ 21 амалиёти муштаракро доир кардааст, ки дар натиҷаи он беш аз 700 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст. Ва чандин мурофиаи додгоҳии афроди қочоқбар дар дохили Афғонистон сурат гирифтааст, ки афсарони Оҷонсии маводи мухаддири Тоҷикистон онҳоро ошкор кардаанд.

Аммо, акнун ба гуфтаи коршиносон, фаъол шудани гурӯҳҳои Толибон имкони баргузории чунин амалиётро мушкилтар мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ташаннуҷи авзоъ ва фаъол шудани гуруҳҳои мусаллаҳ метавонад барои дубора густариш ёфтани кишти хашхош дар бархе манотиқи шимоли Афғонистон мусоидат кунад.

Исмоил Раҳматов, таҳлилгари умури Афғонистон ва устоди Донишгоҳи Тоҷикистону Русия мегӯяд, таҷриба собит кардааст, ки ниҳодҳои афғонӣ дар кори мубориза бо маводи мухаддир ноком мондаанд. Сарфи назар аз он ки талошҳое ба харҷ дода ва ҷомеъаи байналмилалӣ низ пули зиёдеро дар ин замина масраф кардааст. Бинобар ин, ба назари ин коршинос, шояд ба ҷузви мандат ё рисолати нируҳои байналмилалӣ дохил кардани раҳбарии мубориза бо маводи мухаддир авзоъро битавонад андаке тағйир диҳад.

Аммо бархе дигар таҳлилгарон мушклоти пешомада дар роҳи фаъолияти ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддирро як зуҳуроти муваққат медонанд ва мегӯянд бо эълони барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва оғози фаъолияти ҳукумати нави Афғонистон имкон дорад, авзоъ дубора ба шакли ҳадди ақал ду соли пеши худ баргардад. Ва нируҳои амниятӣ битавонанд, ба фаъолияти худ тавре бояд идома диҳанд.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Вайсиддин Азаматов, муовини раиси Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, тамоюли кам шудани боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба мисли Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон мушоҳида мешавад. Шумори ин боздоштҳо дар Қазоқистон ба сифр ва дар дигар ҷумҳуриҳо тақрибан як баробар назар ба соли гузашта коҳишро нишон медиҳад.

Аммо дар дохили Тоҷикистон 120 мавриди ҷиноят марбут ба қочоқи мухаддирот аз сӯи кормандони оҷонсӣ ошкор шудааст, ки назар ба соли гузашта 50 дарсад зиёд мебошад. Мақомоти Оҷонси маводи мухаддири Тоҷикистон дар маҷмӯъ дар соли равон 740 кило мавди мухаддирро кашф ва забт кардааст.

Муовини раиси Оҷонси маводи мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки амалиёти махсуси «Кӯкнор-2009», ки 15-уми май оғоз шуда буд, ҳанӯз ба поён нарасида, ва ҳамчунон идома дорад. Дар натиҷаи ин амалиёт дар тобистони гузашта дар шарқи Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот чандин нафар узви гуруҳи қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирории Тоҷикистон, низ кушта шуд.

Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон як ниҳоди муштараки СММ ва давлати Тоҷикистон аст, ки дар соли 1999 таъсис шуда ва аз суи ниҳодҳои байналмилалӣ ва СММ таъмини молӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG