Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви маҳдудиятҳои озодиҳои шаҳрвандӣ дар Ҳондурас


Дар Ҳондурас бо амри раисиҷумҳури муваққат баъзе аз маҳдудиятҳои озодиҳои шаҳрвандӣ аз байн бардошта шуданд. Ин маҳдудиятҳо баъд аз бозгашти раисиҷумҳури зӯран барканоршуда Мануэл Селайя ба ватан ҷорӣ шуда буданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари муваққати Ҳондурас Роберто Мичелеттӣ дар бораи лағви маҳдудиятҳо зери фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст.
Созмони кишварҳои амрикоӣ мехоҳад тули ин ҳафта бо мақомоти Ҳондурас дар мавриди рафъи бӯҳрони сиёсӣ музокирот анҷом диҳад. Мануэл Селайя, ки моҳи июн бар асари як кудатои низомӣ аз мақоми раисиҷумҳури Ҳондурас барканор шуда буд, чанд рӯз пеш пинҳонӣ ба пойтахти кишвар омад ва дар сафорати Бразилия панаҳ бурд. Ӯ талаб дорад, ки дубора дар мақоми раисиҷумҳури Ҳондурас барқарор шавад.
XS
SM
MD
LG