Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот дар Фаластин мавқуф гузошта шуд


Рӯзи интихоботи сартосарӣ дар Фаластин аз 25 январ ба 25 июни соли оянда гузаронда шуд. Дар ин бора як мақоми фаластинӣ ба хабаргузориҳо баъд аз анҷоми музокироти сеҷонибаи Фаластин-Урдун-Миср дар шаҳри Уммон иттилоъ додааст. Дар ин музокирот шоҳи Урдун Абдуллои ду, раисиҷумҳури Фаластин Маҳмуд Аббос ва вазири умури хориҷии Миср Аҳмад Абдулғайт ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки раҳбари сиёсии ҷунбиши “Ҳамос” Холид Машъал ба мавқуф гузоштани интихоботи сартосарӣ то шаш моҳи дигар розӣ шуда, пешниҳоди Қоҳира барои аз байн бурдани ихтилоф миёни гурӯҳҳои сиёсии фаластиниро пазируфтааст. Тибқи ин пешниҳод, ба хотири омодагӣ ба интихоботи сартосарӣ дар Каронаи бохтарии руди Урдуни таҳти назорати ҷунбиши "Фатҳ" ва борикаи Ғазаи зери назорати “Ҳамос” як органи идории муваққатӣ ташкил мешавад.
XS
SM
MD
LG