Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян сари мизи музокирот бармегардад?


Ким Чен Ир, раҳбари Кореяи Шимолӣ, изҳор намуд, ки кишвараш метавонад сари мизи музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаӣ баргардад. Ин изҳорот дар мулоқоти Ким Чен Ир бо сарвазири Чин Вэн Сзябао садо дод. Вэн Сзябао бо як сафари расмӣ дар Пхенян ба сар мебарад. Ким Чен Ир, раҳбари Кореяи Шимолӣ, дар ин мулоқот ҳамчунин гуфт, ки гомҳои минбаъдаи Пхенян дар мавриди барномаи ҳастаӣ бо то куҷо муваффақ шудани гуфтушунид бо Иёлоти Муттаҳида бастагӣ хоҳанд дошт.
Дар музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ИМА, Чин, Русия, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ ширкат доранд. Кореяи Шимолӣ моҳи апрел аз ин музокирот хориҷ шуд ва баъдан озмоиши нави ҳастаӣ доир кард.
XS
SM
MD
LG