Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун: ҳамла ба кормандони хайрия нобахшиданист


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, ҳамлаи террористӣ алайҳи кормандони Барномаи ҷаҳонии озуқаро шадидан маҳкум кард ва онро “як амали беинсофонаву нобахшиданӣ” номид. Бар асари ҳамлаи як маргталаб дар бинои дафтари Барномаи ҷаҳонии озуқа дар шаҳри Исломобод панҷ корманди ин ниҳоди СММ кушта ва чандин нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Бан Ки Мун ин ҳодисаро барои СММ ва ҳамаи созмонҳои башардӯстона фоҷиаи бузург хонд ва афзуд, “ин ҷинояти зишт алайҳи онҳоест, ки бидуни хастаӣ барои кумак ба мардуми фақири гурусна талош мекунанд”.
Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, изҳор намуд, ки ин ҳодиса аз сӯи мақомоти кишвар ҷиддан тафтиш хоҳад шуд. Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик ин ҳамларо бо саркӯбшавии “Толибон” дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар марбут кард. Ва аммо то ҳол ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG