Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мизони дилсардии ҷавонони тоҷик


Ҷомеашиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон мизони афсурдагии ҷавонони имрӯза назар ба ҳамсолони онҳо дар замони Шӯравӣ ба маротиб баландтар аст.

Исмат 25 сол дорад ва дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд, дар ин солҳои зиндагиаш ба қадри кофӣ дучори мушкилоте шудааст, ки ба қавли худаш устухонашро сахт кардааст ва ҳоло дар сурати пеш омадани мушкиле танҳо ба ақлу тавони худ такя мекунаду тамом. Яке аз чолишҳои сахте, ки дар рӯбарӯи Исмат қарор дошт, ба моҷарое бо раҳбари факултааш вобаста будааст:

“Мушкили ман ин буд, ки аз ҷониби декани факулта мавриди қассос қарор доштам. Падару модарам барои ҳалли ин мушкил оҷиз буданд, ҳатто ректори донишгоҳу раёсати маориф оҷизӣ кашиданд. Бинобар ин бори гарони ин масъала танҳо ба гардани худам афтод. Натиҷа ин шуд, ки падарам чандин бор хост маро ба беморхона барои ташхис барад, чунки ман дар назараш касалманд будам”.

Ҳарчанд Исмат аз гуфтани тафсилоти ин моҷаро худдорӣ кард, вале гуфт, ки баъди ин ба сахтӣ тавонист дипломати донишгоҳро бигирад. Ӯ мегӯяд, масъала дар худсарии раҳбари факулта буд, ки бо истифода аз бартарияти мавқеи худ дар муқобили донишҷӯ масъаларо печида кардаву бар зарари ҷавон чархондааст. Баъди ин ҳодиса, мегӯяд вай, нисбати факултаву омӯзгорону мақомоти маориф чунон дилсард шудааст, ки дигар гумон аст эътимоди худро ба онҳо барқарор кунад. Ҳоло, мегӯяд ӯ, аз рӯи принсипи “ҳар кас аз худ намонад” зиндагиро пеш мебарад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон мизони афсурдагиву дилозурдагии ҷавонони имрӯза назар ба ҳамсолони онҳо дар замони Шӯравӣ ба маротиб баланд аст ва далели ин мушкилоту чолишҳоест, ки домангири ҳамарӯзаи онҳо мебошад. Мудири бахши равоншиносии донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нафиса Юнусова мегӯяд, мушкилоти умдаи ҷавонҳои имрӯза аз як сӯ ҳамонанд, ки дар ҳама давру замон мавҷуд буд, яъне ихтилофи назар бо волидону муқовимати афкори наву кӯҳна ва ҳам масоили марбут ба ишқу ошиқӣ ва мухолифати волидон ба интихоби фарзанд. Вале замони нав мушкилоти нави худро дорад, ки боиси дарди сари ҷавонҳо мешавад, мегӯяд равоншинос Нафиса Юнусова:

“Масъалаи бо кор таъмин шудан, яъне ҷустуҷӯи кор хеле мушкил аст. Ҷавонҳои зиёд аз ин ҷиҳат азоб мекашанд, аз рӯи ихтисосу касб кор карда наметавонанд. Масъалаи дигаре, ки ҷавонҳоро ба ташвиш меорад, ин албатта интихоби касб аст - касбе, ки ба ҷомеа зарур бошад, то ки фардо ҷои кори хубе ёфта тавонанд”.

Ва ин масъалаҳо, мегӯяд вай, ба муҳоҷирати ҷавонҳо ба хориҷаи дуру наздик сабаб мешавад. Аз сӯи дигар, мегӯяд вай, мушкилоти иқтисодӣ сабаби бознигарии баъзе одату анъанаҳо аз ҷониби ҷавонон шудааст, ки муддате дар ҷомеа роҳ уфта буд:

“Пеш нисбатан ҷавонтар буданд ҷавонҳое, ки оиладор мешуданд. Ҳозир синни издивоҷ болотар шуда истодааст, чунки албатта бо проблемаи кор, бо проблемаи ҷои истиқомат вобаста аст ва ҷавонони имрӯза кӯшиш мекунанд, ки бо кор таъмин шаванд, бо ҷои истиқомат таъмин шаванд ва баъд аз он оиладор шаванд”.

Вай мегӯяд, сабаби ин дар набуди амнияти иҷтимоии давлатӣ аст, ки замоне буду ба ҷавонҳо амалан кафолати дастёбӣ ба манзили хусусӣ, ҷои кор ва даромади собитро медод. Вале чунин таҳаввулот, аммо аз ҷиҳати баръаксаш духтарҳои тоҷикро асар кардааст, гуфт хонум Юнусова ва агар замони пеш духтарҳо бидуни нигаронӣ маъмулан дар солҳои донишҷӯиву хатми мактаби олӣ издивоҷ мекарданд, ҳоло талош мекунанд пештар оила барпо кунанд, то ки фардо ба касе нодаркор нашаванд. Ва масъалаи хонадоршавӣ, мегӯяд ӯ, яке аз дигар мушкилотест, ки ҷавонони зиёдро дар ташвиш мемонад. Ӯ афзуд, ки ҳоло бо зиёд шудани марказҳои кӯмаки равонӣ дар шаҳру манотиқи Тоҷикистон муштариёни онҳо ҳам аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ва аз ҷумла ҷавонон зиёд мешавад, вале ҳамоно аксарият дар зеҳни худ дарк мекунанд, ки дар сурати пеш омадани мушкил маъмулан пеш аз ҳама аз волидон, хешу ақрабои наздик, баъдан ба кӯмаки дӯстону ҳамсояҳо муроҷиат мекунанд. Одати дар баробари як нафари бегона, мисли равоншинос матраҳ кардани дарди дилу кӯмак хостан ҳоло фақат кам-кам дар миёни гурӯҳи вижаву таҳсилкардаи ҷомеа роҳ меуфтад.

Сабаб дар ин аст, ки барои бисёр мардуми суннативу муҳофизакори тоҷик аслан аз хона берун баровардани мушкил ё камбудӣ одат нест ва шармзадагиву эҳсоси заъф дар баробари дигарон боис мешавад, ки ҷавонҳои дучори масъалаву дардисаре бештар баставу дар худ маҳдуд мешаванд. Аммо ингуна бархӯрд бо масъала на ҳамеша ба манфиати нафари корафтода буда метавонад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG