Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Издивоҷи ҷавонони бемори HIV


Дар Тоҷикистон се ҷавони олуда ба вируси адами масунияти бадан умеди тозаро барои як зиндагии босуботу пурранге ба даст оварданд.

Ин ҷавонҳо тавонистанд бо вуҷуди гирифторӣ ба чунин як маризии сахташон бо нафари дӯстдошта оила барпо кунанд.
«Ҳамсари ман медонист, ки ман бо вируси норасоии масунияти бадан зиндагӣ мекунам. Ҳамчунин модару бародараш ҳам инро медонад. Мо ҳамдигарро сахт дӯст доштем, ҳама дар дасти муҳаббату ишқ буд».
...

Севара Комилова раҳбари созмони ҷамъиятии "Гули сурх", ки бо кӯмак ба ин гурӯҳи беморон машғул аст мегӯяд, баланд шудани сатҳи иттилоотии аксар аъзои ҷомеъа боиси то андозае кам шудани ваҳму ҳарос ва парҳез дар баробари нафарони сироятёфта шудааст.

Хонум Комилова дар бораи арӯсиҳо чунин гуфт: «Чӣ хел бе ман туй мегузарад? Ман дар се туй ширкат кардам, хеле хуб бо шодиву нишот баргузор шуд».

Аз миёни навхонадорони ин гурӯҳ, танҳо як ҷуфт – ҳам арӯсу ҳам домод баробар олудаи HIV буда, дар ду мавриди дигар домодҳо гирифтори HIV будаанд.

Яке аз ин домодҳо, ки инак шаш сол аст бо ҳукми HIV ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки духтаре ёфт шуд, ки ӯро бо ҳамин ҳолаташ дӯст дошт ва розӣ шуд бо ӯ зери як бом зиндагӣ барпо кунад. Вай афзуд, қабл аз туйи арусӣ бо дилбараш, ки як духтари рус аст, як сол мулоқот кардааст. Ӯ мегӯяд, тавре духтурҳо ҳам машвараташ медоданд, аз оғоз дар бораи ҳолаташ ошкоро ин духтарро хабардор кардааст.

Ҳоло, мегӯяд ӯ, бо ризоияти бонуяш зиндагии муштаракро оғоз кардаанд: «Ҳамсари ман медонист, ки ман бо вируси норасоии масунияти бадан зиндагӣ мекунам. Ҳамчунин модару бародараш ҳам инро медонад. Мо ҳамдигарро сахт дӯст доштем, ҳама дар дасти муҳаббату ишқ буд».

Мусоҳиби мо мегӯяд, ки истеъмоли маводи мухаддир тавассути сӯзандорӣ вайро гирифтори HIV кардааст. Вале баъди муддате рӯҳафтодагиву афсурдагӣ ва майзадагӣ ӯ бо созмони ҷамъиятии "Гули сурх" шинос мешавад, ки дубора дилашро ба зиндагӣ гарм мекунад.

Ин ҷавон мегӯяд, дар оғоз вай ба бемориҳои мухталифи сироятӣ гирифтор мешуд, аммо баъди гузаштан аз муолиҷаи вижаи ба номи зидди ретровирусӣ, ки аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва маркази мубориза бо HIV AIDS ройгон таъмин мешавад, ҳолаташ хеле беҳбуд ёфтааст.

Ин ҷавони олудаи HIV бо ҳамсараш, пайваста зери назорати табибон қарор доранд ва мегӯяд, бисёр мехоҳад ки соҳиби фарзанд шаванд: «оилаи ман бемор нест ва мо ҳоло дар зиндагиамон аз рифола истифода мекунем. Ҳоло мо зери назорати табибон қарор дорем. Мехоҳем дар оянда фарзанддор шавем. Бояд аз ташхис гузарем ва табибон муаяйн мекунанд, ки дар кадом ҳол фишори вирус камтар асту ҳамон рӯз аз рифола метавон истифода накард. Аз ҳама муҳим барои ман он аст, ки ҳамсарам олуда нашавад.»

Дар ҳамин ҳол Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, нафарони гирифтори HIV AIDS шонси ба дунё овардани тифли солимро доранд, вале ба шарте, ки машваратҳои табибонро ба инобат гиранд, Вай мегӯяд, дар илм ҳодисаҳое ҳастанд, ки нафари дорандаи HIV баъди табобати дарозмуддати зиддиретровирусӣ ҷуфт ё ҳамсари худро метавонад аз олудагӣ ба вирус эмин дорад.

Зеро ба гуфти муттахасис, миқдори вирусе, ки дар таркиби хун ва нутфаи нафари сироятёфта мавҷуд аст, баъд аз табобат ба маротиб кам шуда нафари дигарро олуда нахоҳад кард.

Инҳо, мегӯяд оқои Мирзоев дар сӯҳбат бо Ояндасоз, бояд пайваста зери назорати табибон қарор гиранд: «Дар бисёр ҳолатҳо фарзандоне таввалуд мешаванд, ки онҳо HIV надоранд. Бояд бордоршавӣ, ҷараёни ҳомиладорӣ ва таввалуд зери назорати шадидӣ духтурон сурат бигирад».

Ҳамчунин Аъзам Мирзоев афзуд, барои ин гурӯҳи ҳамсарон, ки хоҳиши таввалуди фарзандро доранд, пешрафтҳои тиббӣ имкони бордоршавии сунъиро низ фароҳам меорад, ки боз ҳам амнтару безарартар будааст: «як усули дигар ҳам ҳаст, ки нутфаи нафарони сироятёфтаро гирифта аз вирус тоза карда оилаашонро ба таври сунъи бордор мекунанд. Баъдан кӯдаки солим ба дунё меояд».

Гуфтанист шумори расмии гирифторони вируси норасоии масунияти бадан дар кишвар рӯз аз рӯз меафзояд. Тибқи итилоъи расми феълан дар Тоҷикистон ҳудуди 1600 нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумор ҳудуди 60 дарсади онҳо баъди истеъмоли маводи мухаддир бо роҳи сӯзандору ва беш аз 20 дарсад бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд.

Аммо домоди ҳамсӯҳбати мо, ки гирифтори вирус аст, мегӯяд, баъди иштибоҳҳои зиёде, ки кардаву худу азизонашро ранҷонидааст, талош хоҳад кард шавҳари хубу меҳрубоне шавад, ки ба қадри ҳамсараш бирасад. Агар худо фарзанд ато кунад, мегӯяд ӯ, пас онро ҳам мисли хости худо қабул ва хуб тарбияаш мекунам, то ки иштибоҳҳои маро такрор накунад, гуфт ӯ.
XS
SM
MD
LG