Пайвандҳои дастрасӣ

СММ:Пазироӣ аз муҳоҷирон -- ҳалли бӯҳрони нуфус дар Русия


Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши нави худ мегӯяд, Русия ба хотири пешгирӣ аз бӯҳрони нуфус бояд монеаҳои муҳоҷиратро коҳиш диҳад. Дар гузориш гуфта мешавад, танҳо бо ин роҳ Русия метавонад, таъсири камбуди нерӯи кор ва рушди нокофии иқтисодӣ ва дигар фишорҳои бӯҳрони давомдори камбуди аҳолиро камтар кунад. Мутахассисони Созмони Милал гуфтаанд, Русия бояд дар қонунгузории худ ва дигар риштаҳо ислоҳоте анҷом диҳад, то оддитарин ҳуқуқи миллионҳо нафар муҳоҷир, ки аксари онҳо аз ҷамоҳири шӯравии собиқанд, риоя гардад ва онҳо ба хадамоти зарурӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Тибқи гузориши соли гузаштаи Созмони Милал теъдоди аҳолӣ дар Русия аз соли 1993 ба ин сӯ 6 миллиону 600 ҳазор нафар камтар шудааст.
XS
SM
MD
LG