Пайвандҳои дастрасӣ

Таваррум дар Тоҷикистон 7,7% шудааст


Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ хабар дод, ки таваррум дар Тоҷикистон аз моҳи январ то августи соли равон 7,7 дарсадро ташкил додааст. Ин дар ҳоле ки таваррум дар Русия наздик ба 13 ва дар Қазоқистон 8 дарсад будааст. Дар Арманистону Озарбойҷон ин нигшондиҳанда камтар то 3 дарсад ва дар Молдова ним дарсадро ташкил додааст. Ал лиҳози коҳиши тавлидоти саноатӣ дар миёни давлатҳои ҳамсуд ҷои аввалро бо 30 дарсад Украина гирифтааст. Ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон 11, Арманистон 12 ва Қирғизистон 13 дарсад будааст.
XS
SM
MD
LG