Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбари нави Толибон бо хабарнигорон


Раҳбари нави Толибони Покистон дар минтақаи қабиланишини ин кишвар бо хабарнигорон мулоқот кард. Гуфтугӯи Ҳакимуллоҳ Меҳсуд ба думболи хабарҳое баргузор шуд, ки тибқи онҳо гӯё вай захмӣ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои Ассошиейтед Пресс, Ҳакимуллоҳ бо як гурӯҳи хурди хабарнигорон рӯзи якшанбе ба шарте мулоқот кардааст, ки мусоҳибаи ӯ рӯзи баъдаш ба нашр расад. Вай таҳдид кардааст, ки дар посух ба ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин Амрико ва Покистонро ҳадаф қарор хоҳад дод. Телевизиони "Даун"-и Покистон аксҳои Меҳсудро нишон дод, ки зоҳиран вазъаш хуб аст.
XS
SM
MD
LG