Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони Ҷоизаи Нобел дар тиб эълон шуданд


Се олими амрикоӣ барои тадқиқоти марбут ба ферментҳо ё маводи гувориш ба Ҷоизаи Нобел дар тиб мушарраф шуданд. Зодаи Австралия Элизабет Блекбурн, зодаи Британия, Ҷак Шостак ва Карол Грейдер ҷоизаи баробар ба 1 миллиону 420 ҳазор долларро байни худ тақсим хоҳанд кард. Пажӯҳишгоҳи Каролинскаи Шветсия гуфт, ин сегона масъалаҳои асосии биология, бахусус дифоъи хромосомаҳои ҳуҷайра аз нобудиро ҳал карданд. Дастоварди онҳо дар таҳқиқи саратон ва солхӯрдагӣ корбаст хоҳад шуд. Ҷоизаи Нобел дар тиб нахустини ҷоизаҳост, ки пеш аз ҳама эълон мешавад. Панҷ ҷоизаи дигар дар физика, кимиё, адабиёт, сулҳ ва иқтисодиёт то 12-уми октябр эълон хоҳанд шуд. Ҷоизаи иқтисодиёт амалан ҷоизаи Нобел набуда, аз тарафи Бонки марказии Шветсия дертар таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG