Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 2 нафар дар таркиши Исломобод


Полиси Покистон мегӯяд, дар як таркиш дар наздикии бинои намояндагии Созмони Милал дар Исломобод ба камияш ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Бар асари инфиҷор дар назди дафтари Барномаи хӯроквории Созмони Милал дар пойтахти Покистон чанд тани дигар захмӣ гаштаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Моҳҳои охир чанд таркиш Покистонро такон додаанд, ки Толибон масъулияти онҳоро бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG