Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон мегӯяд шубҳаҳои ҳастаӣ рафъ шудаанд


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, мегӯяд, дар ҳамкории кишвараш бо бунгоҳи ҳастаии Созмони Милал набояд ба гумону тахмин роҳ дода шавад. Изҳороти Аҳмадинажод баъд аз он садо дод, ки раҳбари Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ эълон кард, бозрасони ин ниҳод корхонаи нави ғанисозии уранро дар Эрон бозрасӣ хоҳанд кард. Муҳаммад Ал-Барадеӣ гуфтааст, равобити байни Теҳрон ва Ғарб бояд аз тавтеъа ба ҳамкорӣ иваз шавад. Дар Вашингтон, мушовири амнияти миллии ин кишвар, Ҷеймс Ҷонс гуфт, зоҳиран Эрон ба бунёди силоҳи ҳастаӣ наздик нашудааст. Рӯзномаи Ню Йорк Таймс рӯзи шанбе хабар дод, тибқи гузориши Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Эрон барои тавлиди бомбаи ҳастаӣ иттилои кофӣ гирдоварӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG